Довталаби аз ҳама хурдсоли Ӯзбекистон Ҷасурбек Ғуломови 14 сола донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Қаршӣ гардид.
Номбурда ба курси якуми факултаи биологияи ин донишгоҳ дохил шуда, аз рӯйи гранти давлатӣ таҳсил хоҳад кард. Дар ин бораи сомонаи донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Ҷасурбек соли 2004 дар ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё буда, имсол литсейи академикии № 3-и ноҳияи мазкурро хатм кардааст.
Кӯҳансолтарин довталаб ба донишҷӯйӣ бошад, имсол дар Ӯзбекистон марди 87 сола аст. Бояд гуфт, ки аз имсол дар Ӯзбекистон маҳдудияти синну солӣ барои таҳсил дар мактабҳои олӣ аз байн бурда шуд, ки дар натиҷаи он беш аз 500 ҳазор нафар хоҳони студент шудан кардаанд.