Дар шаҳри Кот-д'Ивуар мухлисони сароянда Анҷа Диде Хан, ки бо номи мустаори ДҶ Арафот ё Арафот Муана маъмул аст, ба ҷанозааш ҳуҷум карда, тобути ӯро кушодаанд.
Ин амалро онҳо ба он хотир анҷом додаанд, ки оё дар бадани ситораи шоу бизнес холкӯбӣ ҳаст ё не. Зеро онҳо боварӣ надоштаанд, ки сарояндаи дӯстдоштаашон вафот кардааст. Дар ин бораи хабаргузории France 24 иттилоъ медиҳад.