Дирӯз хабаргузории “Sputnik Тоҷикистон” иттилоъ, дар бораи чӣ гуна "муҳоҷирони меҳнатӣ" ба Русия расиданро паҳн кард. Ин хабар зери сарлавҳаи "Хушхабар ..." нашр шуда буд, аммо пас аз танқидҳои зиёди корбарони Facebook, ба "Аввалин муҳоҷирони меҳнатӣ ..." табдил дода шуд.
Мӯҳтавои маводи оҷонсии "Спутник" -и Россия аз изҳороти сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Фарангис Исломова иборат буд. Ин мақомдор гуфтааст, ки фиристодани 170 муҳоҷири кории тоҷик натиҷаи кори Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ, Агентии шуғли аҳолӣ, Департаменти Вазорати меҳнат ва Агентии авиатсияи шаҳрвандӣ мебошад.
Сару садоҳои эҷодкардаи “Спутник”-ро худи Фарангис Исломова низ афзуда, изҳор дошт, ки "намояндагони ҳамаи сохторҳои дар боло номбаршуда, соати 4-и субҳ шахсан барои гусел кардани муҳоҷирон омадаанд."
Корбарони Фейсбук инро (фиристодани 170 муҳоҷири кориро) ҳамчун нишондиҳандаи вобастагии иқтисоди Тоҷикистон аз муҳоҷирати меҳнатӣ дарк карданд.
Ҳамзамон, Фарангис Исломова (ё "Спутник") як далели муҳимро пинҳон дошт: номҳои ин 170 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷониби Россия пешакӣ, дар моҳи декабри соли гузашта ба рӯйхат шомил карда буд, яъне муҳоҷирон ба ҷойҳои кории муқаррарии худ даъват шуда буданд. Инчунин мансабдор, яъне Фарангис Исломова аз раиси диаспораи тоҷикони "Соотечественник" дар Иркутск, ки ташаббускори ин кор асту мустақилона иҷозати вуруди 434 шаҳрваниди Тоҷикистонро ба даст овардааст, ном нагирифт.
Ҳамин тариқ, хонанда аз ин мавод чунин таассурот пайдо кард, ки фиристодани муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия натиҷаи корбарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мебошад.
Аммо, дар идораи мо сабти аудиоии мулоқоти онлайнии сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо узвҳои Шӯрои ҷамъиятии сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз 6 декабри соли 2020 маҳфуз аст, ки дахолати Вазорати меҳнатро дар фиристодани муҳоҷирон ба Иркутск комилан рад мекунад. Баръакс, аз сабтҳо маълум мешавад, ки намояндаи Намояндагии Вазорати меҳнат дар Москва аз ин ибтикор умуман огоҳӣ надошта буд.
Мо стенограммаи пурраи сабтро намедиҳем, аммо аз маҷлис якчанд порае меорем, ки дар он ҷо ноогоҳии намояндаи Вазорати меҳнат аз ин масъалаи аллакай ҳалшуда тасдиқи худро ёфтааст.
Маликшоев (роҳбари Ҷамъияти миллии фарҳангии "Соотечественник"):
- Чанде пеш бо ташаббуси ман ва чандин ширкати сохтмонии вилояти Иркутск ба губернатор мактуб фиристодем ва дар он хоҳиш кардем, ки ба 434 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи вуруд диҳанд. Дар навбати худ, губернатори вилояти Иркутск ба муовини Ҳукумати Федератсияи Россия Голикова муроҷиат кард ва дар муддати кӯтоҳ ба ин 434 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат дода шуд, ки барои кор дар вилояти Иркутск биёянд.
Имомуддин Сатторов (Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия):
- Ин рӯйхати иборат аз 434 нафарро чӣ гуна тартиб додед?
Муриват Маликшоев:
- Ҷаноби сафир, мо якҷоя бо ширкатҳои сохтмонӣ рӯйхат тартиб дода, ба Вазорати сохтмони вилояти Иркутск фиристодем ва онҳо рӯйхатро ба губернатор фиристоданд.
Имомуддин Сатторов:
- Аммо ба шумо иҷозати Голикова, сардори Ситоди “Пандемияи COVID-19” лозим аст.
Муриват Маликшоев:
- Дуруст, рӯзи 24 ноябр Голикова иҷозатномаро имзо карда, ба сохторҳои марзӣ ва гумрукӣ дастурамал фиристод.
Имомуддин Сатторов:
- Хуб, агар рӯйхат ба онҳо фиристода шавад, пас масъала ҳал мешавад.
Муриват Маликшоев:
- Мо инчунин рӯйхатро ба Вазорати меҳнати Тоҷикистон фиристодем ва Қоҳир Расулзода низ рӯйхатро дорад.
Имомуддин Сатторов:
-Барои ин, агар шумо аз Ҳукумати Россия иҷозат гирифта бошед, пас ҳеҷ зарурате барои гирифтани иҷозат аз Ҳукумати Тоҷикистон вуҷуд надорад. Оё дар рӯйхатҳо номҳои мушаххас мавҷуданд?
Муриват Маликшоев:
-Бале, дар рӯйхатҳо номи пурра, санаи таваллуд, маълумотҳои шиноснома оварда шудаанд.
Имомуддин Сатторов:
- Масъала ҳал шудааст, ҳеҷ мушкиле намебинам.
Муриват Маликшоев:
- Бале, ман чанде пештар бо муовини Вазири меҳнат гуфтугӯ кардам ва гуфтам, ки бо сафир мулоқот хоҳем кард ва онҳо хоҳиш карданд, ки ...
Имомуддин Сатторов:
- Як лаҳза. Саид Боевро (муовини роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия) пайваст кунед.
Саид Боев ба ҷои шарҳи ин масъала, дар бораи дастовардҳо ва музокирот бо масъулини сатҳҳои мухталифи Россия сухан оғоз кард.
Сафири Тоҷикистон тоб оварда натавонист ва сухани ӯро бурида, пурсид:
- Оё аз ситоди фаврии Русия иҷозат ҳаст?
Саид Боев:
- Ман нафаҳмидам, ҷаноби сафир.
Имомуддин Сатторов:
- Оё иҷозати Голикова ҳаст, иҷозат аз ситоди оперативӣ?
Саид Боев:
-Ҳамааш дар дасти Муриватшо, онҳо ба вазорат фиристоданд. Тибқи муқаррарот ...
Имомуддин Сатторов:
- Кадом вазорат?
Саид Боев:
- Меҳнат, Вазорати меҳнати мо.
Имомуддин Сатторов:
- Бубинед, ӯ мегӯяд, ки онҳо аз ситоди оперативӣ иҷозат гирифтаанд. Оё ин дуруст аст ё не?
Саид Боев:
- Онҳо онро ба идораи мо нафиристодаанд, ба вазорат фиристодаанд.
Имомуддин Сатторов:
- Муриватшо мегӯяд, ки "Мо аз Голикова иҷозат гирифтем." Ин дуруст аст?
Саид Боев:
- То имрӯз намояндагӣ чунин маълумот надорад. Иҷозати Голикова ..
Имомуддин Сатторов:
- Муриватшо ба алоқа бароед.
Муриват Маликшоев:
- Ҷаноби сафир ...
Имомуддин Сатторов:
- Оё дар дасти шумо иҷозат ҳаст?
Муриват Маликшоев:
-Бале.
Имомуддин Сатторов:
-Имзои кист?
Муриват Маликшоев:
-Голикова. Ҳозир ман ба шумо нусхаашро мефиристам, шумо онро дар як дақиқа мегиред.
Имомуддин Сатторов:
- Агар иҷозати Голикова бошад, ҳеҷ мушкиле нест. Ягон иҷозаи Ҳукумати Тоҷикистон ё Вазорати меҳнати Тоҷикистон дигар лозим нест.
Саид Боев ба суҳбат дахолат мекунад:
- Ҳуҷҷатҳои Муриватшо ҳанӯз нарасидаанд. Мо барои баррасӣ аз ӯ ҳуҷҷатҳо талаб кардем.
Имомуддин Сатторов:
-Вале ӯ мегӯяд, ки онро ба вазорат фиристодааст.
Саид Боев:
-Мо аз Муриватшо ҳуҷҷатҳо талаб кардем ..
Имомуддин Сатторов:
-Вазорати меҳнати Тоҷикистон... гӯш кунед. Дар ҳоле, ки як сохтори хоҷагидории алоҳидаи Федератсияи Россия таҳти роҳбарии губернатор ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозати вуруд медиҳад, шумо бо он ҳеҷ рабте надоред.
Имомуддин Сатторов ба Муриват Маликшоев:
- Рӯйхат дар Тоҷикистон, дар дасти кист? Ки онҷой ба ин кор машгул аст?
Муриват Маликшоев:
- Рӯйхат дар дасти “бригадирон”, ки ҳамасола дар ин ширкатҳо кор мекунанд.
Имомуддин Сатторов:
-Кӣ билетҳои ҳавопайморо мехарад?
Муриват Маликшоев:
- Аз ҳисоби корфармоён.
Имомуддин Сатторов:
- Агар ҷониби Россия зид набошад, “Сомон-Эйр” ин одамонро бо хурсандӣ меорад. Кадом иҷозати Вазорати меҳнат? Ман намефаҳмам.
Чунин ба назар мерасад, ки ҳама чиз бениҳоят возеҳ ва оддӣ аст: бо корфармоён шартнома ҳаст, иҷозаи вуруд ҳаст, хадамотҳои марзбонии Россия огоҳ карда шуданд, мардум дар Тоҷикистон огоҳанд ва ...боқӣ мемонад фармоиш додани парвози чартерӣ (дар омади гап, дар ин давраи пандемия ҳар як ширкати ҳавопаймоӣ чунин парвозҳоро анҷом медиҳад) ва ба Иркутск парвоз кардан. Аммо ба касе, дар воқеъ лозим буд, ки ба ин масъалаи кайҳо ҳалшуда даст зада, омадани муҳоҷирони тоҷикро ба Иркутск қафо кашад. Аммо ба кӣ?
Аз рӯи гуфтугӯҳои овардаамон бармеояд, ки намояндаи Вазорати меҳнат бо ҳар роҳ мехост ба ин кор дахолат кунад. Аммо барои чӣ?
Агар мо маводи "Спутник" ва ин суҳбатро муқоиса кунем, маълум мешавад, ки Вазорати меҳнат воқеан мехост дар ин масъала худро “пиар” кунад ва дастовардҳои дигаронро ба худ нисбат диҳад.
Аммо онҳо намефаҳманд, ки агар ин кор барои диаспораи тоҷикон дастовард бошанд, барои Вазорати меҳнати мо баръакс аст! Зеро ин Вазорат ба ҷои он ки шаҳрвандони кишвари худро бо кор ва музди хуб таъмин намояд, фиристодани 170 нафар муҳоҷирони меҳнатиро валвалаю ҳамҳама мекунад.
Бояд ёдрас шуд, ки ҳарсола беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд, ки интиқоли пулиашон барои иқтисоди Тоҷикистон кумаки назаррас мерасонад. Ва... мутаассифона, аз ҳангомасозиҳои Вазорати мазкур ба хулосае омада метавон, ки ҳоло корҳо дар Тоҷикистон он қадар бад будааст? Он қадар бад будааст, ки фиристодани дусад нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун ҳодисаи сатҳи ҷумҳуриявӣ расонагӣ шуд?