Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи бекор кардани озмуни қаблан эълонкардаи “Авто-Бону-2020”, ки қарор буд, 7 март дар Душанбе баргузор шавад, хабар дод.
Дар шахри хабари мақомот гуфта мешавад, ки "Шароити номусоиди обу ҳаво имкон намедиҳад, ки озмун дар вақти муқарраршуда баргузор шавад, санаи нав дертар эълон карда мешавад",
Тибқи маълумоти Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, аз 5 то 8 март дар кишвар ҳавои ноустувор боқӣ монда, борон ва барф меборад.
Дар назар буд, ки озмун аз ҷониби Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ба ифтихори "Рӯзи модарон" ва "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" 7 март дар Душанбе баргузор мешуд.