Чӣ тавр барои муҳоҷирон кумак намуд, то онҳо ба ҳаёти иҷтимоии пойтахти Россия мутобиқ шаванду дар баробари ин урфу одат ва арзишҳои сокинони Москваро вайрон накунанд?
Ин ва дигар масъалаҳое буданд, ки дар рафти мизи мудаввар оид ба мавзӯи “Муҳоҷират, амният, саломатӣ: нақши ҷомеа шаҳрвандӣ”, ки санаи 18 сентябр дар Хонаи миллатҳои Москва баргузор шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
-Сиёсати давлати Федератсияи Россия дар соҳаи муҳоҷират пешниҳод мекунад, ки масъалаи соҳаи мазкур ҳалли бисёрҷабҳаро фаро мегирад ва дар ин бора дар Фармон “Оид ба Консепсияи сиёсати муҳоҷиратии Федератсияи Россия барои солҳои 2019-2025”, ки аз ҷониби Президенти ФР 31 октябри соли 2018 ба имзо расидааст, - дар оғоз зикр намуданд ширкатдорони мизи мудавввар.
Минбаъд ба масъалаҳои иттилоотонии амалишавии сиёсат дар соҳаи муҳоҷират, ёрии тиббӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъмини бехатарии онҳо дахл карда шуд.
Ба “Таҷинфо” сардори комиссия оид ба сиёсати иттилоотонии Шӯро оид ба корҳои миллатҳо назди Ҳукумати Москва Ҷамил Садихбеков қайд кард, ки яке аз самтҳои афзалияти амалигашти Стратегияи сиёсати миллӣ ин амалишавии босамари сиёсати муҳоҷират мебошад. Яъне мусоидат ба муҳоҷирон оид ба муотиқшавиашон ба ҳаёти иҷтимоии пойтахт, бо назардошти арзиш ва одатҳои сокинони Москва мебошад.
Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи Намоядагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Росия бошад, ба Радиои Муҳоҷир қайд карда, ки ҳадафи чорабинӣ мусоидат дар иҷрои самарабахши Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷиратии Федератсияи Россия барои солҳои 2019-2025 буда, асосан масъалаи дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ баррасӣ шуданд. Яке аз заминаҳои дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ин будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди ФР аст. Вақтҳои охир қисме аз муҳоҷирони мо бо аъзои оилаи худ дар Россия будубош мекунанд. Намояндагӣ пешниҳод кард, ки дар қонунгузории муҳоҷиратӣ муҳлати будубоши ҳамин категорияи муҳоҷирон низ ба инобат гирифта шавад, ки дастрасӣ ба хидматрасониҳои тиббӣ ва таҳсили аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ беҳтар шавад.
Дар фарҷоми мизи мудаввар ширкатдорони он барои мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тавсияҳо дар бораи ба низом даровардани равандҳои муҳоҷират дар Федератсияи Россия коркард намуданд:
- Ташкили ташхис ва скрининги ройгон барои муҳоҷирон дар муассисаҳои махсус ё утоқҳои алоҳида дар назди беморхонаҳо, ё марказҳои муҳоҷиратӣ.
-Ташкили “пакетҳои тиббӣ”-и махсус барои муҳоҷирон бо мақсади мубориза бо беморҳои хатарнок (тиф, ҶИЧ, ҳепотити С).ю бо назардошти ташхиси пешакӣ, ҳангоми ошкор шуда табобати фаврӣ новобаста аз мақоми ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба дорувориҳо, табодули иттилоот байни марказҳои тиббӣ ва кафолати махфиати он.
- Огоҳ кардани муҳоҷирон аз бемориҳое, чун тиф, ВИЧ, ва ҳепотити С, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ, бохабар кардани корфаромён оид ба ҳифзи саломатии муҳоҷирон ва беҳтарсозии шароити кор. Ташкили Хазинаи махсус барои таъмини бурдани корҳои мазкур.
-Ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилии Россия, Хадамоти федералии Гвардияи миллии ФР, Вазорати тандурустии ФР.
-Ташкили мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони сафоратхонаҳои ЕВРАзЭс барои коркарди механизми таъсиррасонӣ ба масъалаҳои сиҳатӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон.
Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Комиссия оид ба сиёсати иттилоотӣ дар ҳамҷоягӣ бо Комиссия оид ба муҳоҷират ва Комиссия оид ба амнияти ҷамъиятиву дипломатияи халқии назди Шӯро оид ба миллатҳои Ҳукумати Москва бо дастгирии Ассотсиатсияи милии духтурони хизматнишондодаи ФР баргузор карда шуд.