Дар Яндекс хабаре пайдо шуд, ки мулоқоти губернатори вилояти Саратов Валерий Радеев бо Консули генералии Тоҷикистон дар Уфа Эмом Саид Давлат баргузор нашуд.
“Валерий Радеев бо консули генералии Тоҷикистон мулоқот намекунад”, - чунин навишт пойгоҳи хабарии «Общественное мнение». https://om-saratov.ru/politics/04-september-2019-i77398-valerii-radaev-ne-budet-v
-Мулоқот аз аввал ба нақша гирифта нашуда буд, 5 сентябр губернатор дар сафари хизматӣ қарор дошт, - чунин шарҳ дод ба “Тоҷинфо” котиби матбуотии Ҳукумати вилояти Саратов Нина Попова ва илова намуд, ки дар мо баъзе нашрияҳои оппозитсионӣ ҳастанд, ки иттилоотро дар контексти манфӣ медиҳанд.
Бояд гуфт, ки сафари ҳайати Тоҷикистон бо сарварии консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Эмом Саид Давлат дар вилояти Саратов 5-7 сентябр идома меёбад. Дар баробари чорабиниҳои банақшагирифташуда ҳайат дар таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки дар ин вилоят баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.