Дар Южно-Сахалинск тафтиши парвандаи ҷиноӣ оид ба додани ришва ба анҷом расид, ки дар он шаҳрванди Тоҷикистон айбдор карда мешавад
Сардори боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии ин минтақа ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардааст, ки ба ӯ ришва пешниҳод кардаанд. Ба ивази 80 ҳазор рубл сарвари муассиса мебоист якчанд рӯз яке аз боздоштшударо, ки гӯё ба ҳалли баъзе масъалаҳои шахсӣ ниёз доштааст, озод мекард. Ин тоҷикистонӣ ба ҷуз пул, бародари худро низ ҳамчун гаравгон пешниҳод кардааст, ки мебоист дар ҷои ӯ - дар боздоштгоҳи муваққатӣ меистод.
Муфаттишон бо моддаи "Додани пора" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Прокуратура айбномаро аллакай тасдиқ кардааст. Ба муҳоҷири тоҷик то ҳашт соли зиндон ва ҷарима ба андозаи сӣ маротиба аз маблағе, ки ӯ ба мансабдор ришва додан мехост, ки ба 2 миллиону 400 ҳазор рубл баробар мешавад, таҳдид мекунад.