Суди шаҳри Исилқули вилояти Омск барои убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Росия (қисми 3 моддаи 322 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия) ба баррасии парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистону як шаҳрванди Қазоқистон оғоз намуд. Тибқи иттилои додситонӣ 22 декабри соли гузашта, онҳо шабона тибқи созишномаи пешакӣ дар Россия бо қатораи боркаши "Петропавловск-Входная" ғайриқонунӣ ба Росия омадаанд.
Ҳарду мард ҳуҷҷатҳои расмиву иҷозаи ворид ба Федератсияи Россияро надоштанд. Гузашта аз ин вориди яке аз онҳоро қаблан манъ карда буданд. Хориҷиён аз ҷониби кормандони ФСБ Россия дар вилояти Омск дастгир карда шуданд. Додгоҳ онҳоро ба ҳабси пешакӣ гирифт. Шаҳрвандони хориҷӣ гуноҳи худро дар ҷиноят пурра эътироф карданд. Ба онҳо то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.