Дар шахри Тошканди Чумхурии Узбекистон аввалин маркази ягонаи муҳоҷират барои шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтаанд ва ё нияти рафтан доранд ифтитоҳ гардид.
Дар ин бора хабар медиҳад хадамоти матбуоти оҷонсии муҳоҷирати меҳнати хориҷӣ дар назди Вазорати меҳнат ва робитаҳои меҳнатии хоричии Узбекистон. Дар маркази ёрирасон ба шахрвандоне, ки азми сафар ба Русияро доранд, коидахои будубош дар худуди марзию маъмурии Федератсияи Русия, тарзи дуруст анчом додани асноди расми ва шартномахои кориро барои мухочирони мехнати дар доираи шартномахои байнидавлати миёни Узбекистон ва Русия омузонида мешавад.
Омузиши курсҳои забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русияро низ макомоти Узбекистон дар маркази навтаъсис барох мондаанд, ки баъди хатми курс ба муҳоҷирон шаҳодатномаи хатм барои гирифтани патент барои кор дар Федератсияи Русия дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки намояндагони Русия ва Узбакистон ба баррасии ташкили маркази муҳоҷирати Федератсияи Русия дар Тошканд дар соли 2018 шурӯъ карданд. Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки пайдоиши марказ ба коҳиши ҷараёни муҳоҷирати ғайриқонунии меҳнатӣ ба Русия мусоидат хоҳад кард.
Ғайр аз он, дар назар гирифта шуда буд, ки бо ин роҳ муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистон метавонанд қабл аз сафар ба хориҷа маълумотхои ҳуқуқӣ гиранд.