Иттиҳоди Аврпо тасмим гирифтааст, ки бо номи “Себзор” неругоҳи барқии обиеро дар ноҳияи Роштқалъаи Тоҷикистон бо маблағгузории 20 миллион евро бунёд намояд.
Дар иттилои додаи хабаргузории “Ховар” гуфта мешавад, ки маблағи мазкур грантӣ буда, бунёди ин неругоҳ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо қувваи барқ пурра таъмин ва дар фасли тобистон ба Афғонистон неруи барқ содир намояд.
Мутобиқи нақшаи пешакӣ шароит ба миён меояд, ки 220 000 аҳолӣ бо барқ таъмин гарданд.