Хадамоти матбуоти фурудгоҳи Ростов хабар дод, ки аз ин шаҳр парвозҳо ба Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.
Тибқи маълумоти пешакӣ парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа анҷом дода мешаванд.
Интизор меравад, ки парвозҳо ба Қӯрғонтеппа рӯзҳои душанбе соати 3:00 (ба вақти Маскав), соати 19:45 (ба вақти Маскав) - ба Душанбе ва рӯзи сешанбе соати 18:30 (ба вақти Маскав) ба Хуҷанд иҷро карда шаванд.
Аммо ин парвозҳо танҳо дар сурати барқарор гардидани парвозҳои мунтазам байни Россияву Тоҷикистон оғоз хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз моҳи марти соли гузашта парвозҳои мунтазам байни Россияву Тоҷикистон қатъ гардидаанду дар ин масирҳо танҳо рейсҳои чартерӣ парвоз мекунанд.
Инак, боз як фурудгоҳи Россия дар бораи тайёрӣ ба парвозҳои мунтазам иттилоъ дод, ки бешубҳа фоли нек асту эҳтимолияти кушодашавии сарҳадҳоро боло мебарад.