Мақомоти Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия 13 муҳоҷири тоҷикро аз ҳудуди ноҳияи Шоли дастгир карда, тибқи қарори додгоҳ аз ҳудуди марзию маъмурии Россия ихроҷ намуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия, ин шаҳрвандони тоҷик ба иқомати ғайриқонунӣ ва кор дар қаламрави Ҷумҳурии Чеченистони Русия муттаҳам карда мешаванд. Ихроҷшудагон ҳамчунин тибқи қарори додгоҳ 2000 рублӣ ҷарима гардидаанд.
Дар як изҳороти вазорати корҳои дохилии Русия омадааст, ки дар соли 2019 беш аз 800 ҳазор муҳоҷир аз Русия ихроҷ карда шудаву беш аз 5 ҳазор нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.