Тафтишоти қазияи блогер-пранкери тоҷик Кароматулло Ҷабборов ба охир расида, ин парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол шуд, - хабар медиҳад ҳимоятчии номбурда.
Ин қазия, ки аввали соли гузашта сару садоҳои зиёдеро баланд карда буд, рӯзҳои наздик дар додгоҳи ноҳияи Пресняи Москва баррасӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Кароматулло Ҷабборов дар метрои Москва саҳнаи сохта – пранки «Короновирус»- ро ба навор гирифта, дертар дар саҳифаи худ - дар ютуб паҳн карда буд. Баъдан мақомоти Москва тафтишот оғоз намуда, аввалан ӯро 8-уми феврали соли гузашта аз тарк намудани ҳудуди шаҳр огоҳ намуда буданд. Аммо дертар маълум шуд, ки ӯ дар суроғаи нишондодааш зиндагӣ намекардаасту дар санадҳо ин маълумотро нодуруст қайд намудааст. Ба ин сабаб ӯро ба ҳабс гирифта буданд ва то ҳоло дар мҳбас аст.
Ҳуқуқшинос Марина Литвинович дар саҳифаи фейсбукии худ аз субаташ бо Кароматулло хабар додааст. Аз ин навиштаҳо бармеояд, ки номбурда аз кирдори худ пушаймон аст:
- Вақте наворро гузоштам, падарам аз Тоҷикистон занг зада, исрор намуд, ки ӯро шарманда накарда, наворро тоза намоям. Чунин ҳам кардам, вале аллакай дер шуда буд.., - гуфтааст Кароматулло.
Инчунин Кароматулло қайд кардааст, ки мақсади ин пранк лайку «просмотр» набуда, балки мехостааст диққати ҷомеаро ба мушкилоти короновирус ҷалб намояд.
Аммо наворҳо дар канали “КАРА ПРАНК”, ки ба ӯ мансуб аст, ин изҳоротро зери суол мебаранд.
Видео.
Дар ин вақт, ки Кароматулло Ҷабборов дар маҳбас аст, ҳамсараш писар таваллуд намудаву ӯро Макар номгузорӣ кардаанд.
Бояд гуфт, ки пранкери тоҷик аз рӯи моддаи 213, қисми 2 –и Кодекси ҷиноятии Россия муттаҳам мешавад ва дар сурати исботи хуро ёфтан ба ӯ 7 сол зиндон таҳдид менамояд.