Ахиран мусофирони дармондаи фурудгоҳи Шереметево ба Душанбе баргаштанд. 14-уми январ, ширкати ҳавопаймоии “Северний Ветер” 10 нафари боқимондаи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Душанбе бурд.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз 29-уми декабри соли гузашта 17 мусофирони хатсайри Курғонтеппа-Душанбе – Москва, дар фурудгоҳи Шереметевои Москва дармонда буданд. Чанд вақт пештар аз ин 17 нафараҳо 7 нафар ба шаҳри Оши Қирғизистон парвоз намуда буданд.
Мушкилоти ин мусофирон ҳанӯз дар Қурғонтеппа сар шуда буд. Ширкати ҳавопаймоии «Северный ветер», ки тайёрааш мебоист аз Қурғонтеппа ба самти Москва парвоз мекард, мусофиронро ба Душанбе овард. Парвоз шаби 29 декабри соли гузашта оғоз шуду 30 декабр онҳо ба фурудгоҳи Шереметево расиданд. Аммо сарҳадбонони Хадамоти амнияти Россия ба 17 нафар иҷозат надоданд, ки сарҳадро убур намоянд.
Дар 8 рӯзи аввал ширкати ҳавопаймоии масъул танҳо се маротиба ба ин мусофирон хӯрок оварда будаанд. Ин ҳол то он вақте давом намуд, ки як духтари тоҷикистонӣ тасодуфан бо онҳо дучор нашуд. Баъди зангҳои бешумору муроҷиат ба ин ширкат онҳоро се вақт бо хӯроки гарм таъмин намуда истодаанд.
Аммо, имрӯз бошад, ба 2 нафар мусофироне, ки бо ҳамин тайёра аз Душанбе омаданд, иҷозати вуруд ба Россия дода нашуду онҳо дар минтақаи “транзитӣ” дармонданд.