Имсол бино ба сабаби пандемияи коронавирус мисли пештара сарҳадҳо байни кишварҳо пурра кушода нестанд, аммо дар ин миён дар баробари як чанд ҳолатҳои дигар барои нафароне, ки баҳри таҳсил нияти сафар мекунанд истисно вуҷуд дорад.
Хусусан Ҳукумати Федератсияи Русия бо судури як қарор барои нафароне, ки баҳри таҳсил, табобат ва нигоҳубини хешовандони наздики беморашон азми сафар ба Русияро доранд, иҷозаи вуруд медиҳад.
Дар ин миён ҳамасола садҳо ҷавонони хамткардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба Русия баҳри таҳсил меоянд. Имсол ба фарқ аз солҳои қабли донишкадаву донишгоҳҳои шаҳру вилоятҳои Русия қабули довталабонро тариқи электронӣ ба роҳ мемонанд. Дар ин хусус фармони дахлдори вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсяи Русия ба тавсиб раисдааст.
Дар баробари даҳҳо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия маъмурияти “Донишкадаи байналмилалии славянӣ” низ омодагии худро ҷиҳати қабули донишҷуёни хориҷӣ эълон дошт.
Хамткунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ва миёнаи касбӣ менавонанд, ки тариқи электрони дар саҳифаи “Ҳуҷраи шахсии довталаб” (Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) дар сомонаи “Донишкадаи байналмиллалии славянӣ” (www.slavinst.ru) дар бахши бакалавриат аз рӯи ихтисосҳои “Равоншиносӣ”, “Иқтисодиёт”, “Менеҷмент”, “Ҳуқуқшиносӣ” ва “Дизайн”, дар бахши мутахассис “Фаъолияти ҳунармандӣ” ва “Санъати мусиқӣ ва театрӣ” ва дар қисмати магистратура бошад аз рӯи ихтисосҳои “Иқтисодиёт” ва “Менеҷмент” ҳуҷҷатҳои худро ба комиссияи қабули донишкадаи мазкур пешинҳод намоянд.
Ба донишҷуёни хориҷӣ ва донишҷуёни аз дигар минтақаҳои Русия баҳри таҳсил омада, дар донишкада хобгоҳ пешниҳод карда мешавад.
“Донишкадаи байналмилалии славянӣ” дар кӯчаи Годовикова хонаи 9, бино 25-и шаҳри Маскав воқеъ аст.