Дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе дар майдони «Дӯстӣ», дар паҳлуи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ баландтарин табақи суманак, ки рамзи баҳору Наврӯз аст, қомат афрохтааст.
Бино ба иттилои АМИТ "Ховар" дар ин майдон ҳамчунин дарахтони пургул, гулҳои рангоранг ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб гардидаанд, ки аз омадани Наврӯзи дилафрӯз мужда медиҳанд. Бори аввал аст, ки бузургтарин табақи суманак- рамзи баҳору Наврӯз дар маркази пойтахти Тоҷикистон гузошта мешавад.