Дар шаҳри Владимири Федератсияи Россия 80 нафар муҳоҷирони тоҷик ҳангоми гузаронидани амалиёт боздошт шудаанд.
Ҳукуматдорон изҳор медоранд, ки онҳо талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро вайрон кардаанду ихроҷкунӣ таҳдидашон мекунад. Боздоштшудагон асосан дар иншоотҳои сохтмонӣ ва анборҳо кор мекарданд.
Дар ҳамин ҳол сухангӯйи намояндаи Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Россия Иброҳим Аҳмад ба сомонаи “Настояшее Время” гуфтааст, ки омодаанд, манфиатҳои муҳоҷиронро ҳимоя намоянд. Агар маълум гардад, ки онҳо ғайриқонунӣ боздошт шудаанд, ҳамаи имконият ва қуввамонро барои ҳимояи ҳамватанонамон равона хоҳем кард. Вале дар сурати аз ҷониби боздоштшудагон қонунвайронкуниҳо сурат гирифта бошад, мутаассифона мо коре карда наметавонем.
Алҳол бино бо изҳори тарафи Тоҷикистон дар Россия наздик 500 ҳазор нафар муҳоҷирони тоҷикистонӣ кор мекунанду ҷониби Россия ин рақамро зиёда аз 1 миллион нафар медонад.