Ду сайёҳи хориҷӣ, ки яке аз Швейтсария ва дигаре аз Германия мебошанд дар деҳаи Басиди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон қарор доданд, ки беморхонаи ин деҳаро таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намоянд.
Сайёҳ аз Швейтсария Томас Копон ва аз Германия Гизела Бондис аз соли 2016 ба таъмири беморхона сар карда, аввали ҳамин моҳ онро ба истифода доданд.
Бино ба гуфти сардухтури ин беморхонаи минтақавӣ Мамадёр Қазоқов бинои беморхона комилан навсозӣ шудаву дар корҳои сохтмонӣ аҳли деҳа ширкат намудаанд. Барои таҷдиди бино ва таъмини беморхона зиёда аз 950 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.