Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Душанбе ба сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Дипломат» оғози расмӣ бахшиданд.
Меҳмонхонаи панҷситорадори «Дипломат» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди Осиё» дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Бохтар 3-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад.
Ин иншоот аз тарафи соҳибкор Баҳром Ашӯрматов дар назар аст, ки давоми ду сол бунёд карда шавад.
Меҳмонхонаи 16-ошёна тибқи лоиҳа аз 80 ҳуҷра, аз ҷумла 2 ҳуҷра барои шахсони воломақом, 8 ҳуҷараи люкс, 20 ҳуҷраи нимлюкс ва 50 ҳуҷраи муқаррарӣ иборат буда, дар як вақт метавонад 150 нафарро қабул кунад.