Исломшиноси машҳури рус Валерия Прохорова, ки Қуръони Каримро ба забони русӣ тарҷума кардааст, аз олам чашм пушид.
Валерия Прохорова натанҳо китоби муқаддаси мусалмононро ба забони русӣ тарҷума кардааст, балки зебогии Қуръони Карим, зебогии дини мубини Исломро нишон додааст. Бино ба гуфти таҳлилгарон тарҷумаи Қуръони Карим аз тарафи Валерия Прохорова назари русзабонони ҷаҳонро ба Ислом дигар кард. Зеро ӯ тавонистааст, ба ҷаҳониён хусусиятҳои Ислом: инсондӯстӣ, башардӯстӣ ва баробариро нишон диҳад.
Гузаштагони Валерия Прохорова аз ашрофзодагони рус буда, падару модараш қурбони сиёсати давраи сталинӣ шудаанд. Валерия Прохорова бошад, зиндагии пурпечу тобро аз сар гузаронида, ба дини мубини Ислом рӯй овардааст.
Маросими дафни Валерия Прохорова рӯзи чоршанбе баргузор хоҳад шуд.