Меҳмонхонаи замонавӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сохта, ба истифода дода шуд.
Меҳмонхонаи мазкур бо маблағи 15 миллион сомонӣ бунёд гардидаасту ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй мебошад ва дар он 40 нафар соҳиби кори доимӣ мегарданд. Бунёди ин меҳмонхона имкон медиҳад, ки рушди сайёҳӣ дар ин минтақа рушд намояду сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар шавад. Зеро бино ба иттилои аксари сомонаҳо сайёҳон ба Тоҷикистон маҳз ба дидани Помир ва зебогиҳои табиии он меоянд.
Бино ба хабари сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Мухтори Кӯҳистони дар расми кушодашавии меҳмонхона муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов иштирок ва суханронӣ дошт.