Раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро дар арафаи 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба аёдат намудааст.
Дар ин бораи сомонаи расмии ин вилоят хабар дода, иттилоъ медиҳад, ки раиси вилоятро муовини вазири маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд низ ҳамроҳӣ намудаанд.
Ба аёдатшудагон кӯмакпулии якдафъаинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, кӯмакпулии раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ва кӯмакпулии роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 1500 сомонӣ тақдим карда шудааст.