Дар шаҳри Душанбе тарабхонаҳо вазифадор шуданд, новобаста аз моҳи шарифи Рамазон буданаш аз соати 11.00 фаъолият кунанд.
Дар ин бора шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур додааст. Бино ба иттилои сомонаи dushanbe.tj бо назардошти зиёд гардидани ташрифи меҳмонон ва сайёҳон ба шаҳри Душанбе шаҳрдор ба мақомоти дахлдори шаҳрдорӣ дастур додааст, ки оғози фаъолияти тарабхонаҳои шаҳрро дар моҳи шариф Рамазон аз соати 11:00 ба роҳ монда, ҷиҳати ба таври пурраву мунтазам хизматрасонӣ намудани онҳо мусоидат намоянд.
Дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи мазкур нисбати соҳибмулкони тарабхонаҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.