Фарҳанг

АГАР АЗ ХОБ БЕДОР ШАВАД, БИГУЯМ...

 

Агар бихоҳем масъалаи ҳувийятро бозшиносӣ кунем, бояд бидонем, ки ҳувийят лояҳои гуногуне дорад. Як ҳувийят фардӣ аст. Ҳувийяти фардӣ, яъне ман кистам, падарам кист, модарам кист, бобоям кист, ба чӣ хонаводае нисбат дорам?

Ҳувийяти дигар ҳувийяти динӣ мебошад, ки тибқи он бояд донист, ки ба кадом шаҷоир, ба кадом маносик пайвандам, чӣ дине, чӣ мазҳабу тариқате дошта ва чӣ андешае зеҳну ҷаҳони маро шакл медиҳад.
Ҳувийяти иҷтимоӣ, ки бояд донист, дар миёни гурӯҳҳои ҷомеа, дар миёни ақвоми гуногун бо чӣ номе худамро муаррифӣ мекунам, ки ном бароям ифтихор бошад ва ном маро ҳамчун курсӣ зери пой баланд намоиш диҳад ва ин лояҳои гуногун рӯи ҳам менишинанд ва ҳеҷ таорузе бо ҳамдигар пайдо намекунанд, чи басо ки ҳамдигарро тақвият ҳам мекунанд.
Дигараш ҳувийяти забонист, ки ман бо чӣ забоне гап мезанам ва бо мардум сару кор дорам ва бо чӣ забоне меандешам, забони модарии ман чист?
Ин ҳувийятҳо чизест, ки дар фазои зеҳни ман, дар фазои зеҳни дигарон маро мешиносонад. Вале мутаассифона насли имрӯз ҳамаро бо ҳам меомезад, на сарзаминашро хуб мешиносад ва на нажоду забону хатташро. Ва бадтар аз ин, имрӯз мутаассибоне ҳастанд, ки танҳо ҳувийяти динии ғалати ифротияшонро медонанд ва ба ҳувийяти миллияшон нафрат доранд.
Ҳоло агар имрӯз ҷавоне дар Тоҷикистон аз хоб бедор шаваду бигӯяд, ки ҳувийяти иҷтимоии ман чист? Ман аз назари иҷтимоӣ кистам? Бигӯям, ту тоҷик ҳастӣ, пас мегӯяд, ки тоҷик кист? Бигӯяд, тоҷик яъне дар Тоҷикистон аст? Пас тоҷиконе, ки дар кишвари Узбекистонанд, киянд? Ва ононе, ки дар Афғонистонанд, киянд? Бигӯям, онҳо ҳам тоҷиканд. Ту тоҷики тоҷикистонӣ ҳастӣ. Пас агар бигӯяд ман сиву панҷ сол умр дорам ва ин Тоҷикистоне, ки ту мегӯӣ, бистушашсола аст. Боз бигӯям, ту аз Тоҷикистоне ҳастӣ, ки дар замони шӯравӣ пайдо шуд. Пас боз қаноат накарда ва бигӯяд, ин чӣ ҳувийятест, ки бо имзои Истолин ба ман бахшида шуд?
Пас ман кистам? Бигӯям, ки ту табааи Самарқанду Бухоро ҳастӣ, ки онҳо дар миёни шиками кишвари дигаре фурӯ уфтодаанд. Ва пеш аз он ки ба шиками он кишвар бираванд, амирнишине буданд, сиёсати рӯзгор инҳоро чархондаву чархонда, ки кунун дар шиками Узбекистон фурӯ уфтодаанд.
Пас агар боз гӯяд, ман кистам? Пас ночорам ӯро ба таърих бибарам, аз долонҳои таърих убур бидиҳам ва бо мошини замон ӯро бо сиёҳии ҷангҳо, кушторҳо, дастгардон шудани сарзаминҳо ва ӯро ба Форси Бузург бирасонам. Ва бигӯям, ки ту ҳувийятат, буданат як будани фарҳангист, пеш аз он ки будани ту, ҳувийяти ту як ҳувийяти сиёсӣ ва иҷтимоӣ бошад.
Ту ба як мақулаи фарҳангии бузурге тааллуқ дорӣ, ту форс ҳастӣ ва Эрон маҳдуд ба ин сарзамине нест, ки ба номи Форси Бузург ва шабеҳи гурбаи нишастае рӯи нақша пайдо мешавад, на, балки ту ҳамон эронии фарҳангӣ ҳастӣ, ки марзҳояш аз даруни Ироқ шакл мегираду то марзҳои Чин меравад ва аз канораҳои Халиҷи Форс сар мешавад, то шиками тоторҳо меояд, ки дар ин маконҳо яке аз нишонаҳояш Наврӯз аст, яке аз мушаххасоташ забон аст, ки беш аз ҳазор сол ба ҳамин забон мардумонаш ҳарф мезаданд ва пеш аз он, ки арабҳо Исломро ба ин сарзамин оварданд, форсҳо порсигӯй буданд ва аз даврони забони порсии миёнаашон гузашта буд.
Хату забони давлатии ин минтақаҳо ҳама порсӣ буд, бо вуҷуди ин ки аз нажоди бегона ба монанди Темури хунхору Маҳмуди меҳансӯз гоҳе бо зулму ситам ҳукуматро дар Бухоро, Шероз то Балх хунхорона забт мекарданду амирӣ мекарданд. Тамоми ҷаҳон гувоҳ аст, ки то замони шӯравӣ забону хатти давлатӣ дар саросари Мовароуннаҳр порсӣ буд.
Пас маҷбурам, ки гӯям, ту кистӣ? Ту ҳувийяте дорӣ, ки мутааллиқ ба чунин фарҳанги волост, ҳамон фарҳанги “Маснавӣ”, “Гулистон”-у “Шоҳнома”. Ҳувийяти ту ба Фирдавсӣ вобаста аст, ба Саъдӣ гиреҳ хӯрдааст, бо Рӯдакӣ нишастааст, ба Ҳофиз дил бастааст. Ҳарчанд акнун алифбои ниёконатро бубинӣ, намешиносӣ, ононро хутути каҷу муавваҷ мебинӣ, вале ҳувийяти ту ба забонат пайваста аст, ба таърихат пайваста аст, сарфи назар аз ин, ки номи забонатро аз порсӣ ба тоҷикӣ, ва дабираатро аз порсӣ ба сириллик, ва сарзаминатро аз Бухорову Балху Шероз ба як дашту деҳаи беному нишони дирӯз бунёдшуда бо номи Душанбе иваз карданд.
Акнун чунон манқуртат сохтаанд, ки худат худатро намешиносӣ, ҳоло куҷо расад ба нажоду забону дабираву сарзаминат. Дониста бош, ки агар худро аз қавми Форси Бузург ва хатту забонатро порсӣ надонӣ, пас аз имрӯз Фирдавсиву “Шоҳнома”-ашро, Саъдиро бо “Гулистон”, Мавлоноро бо “Маснавии маънавӣ”, Ҳофизро бо “Девон”-аш, Хаём, Низомӣ ва ҳазорон орифону шоирони бузурги эрониро аз худ нашумор ва номашонро бо ифтихори нимшикаста ба даҳон нагир. Зеро ҳеҷ кадоме аз ин бузургон бо хатти сириллик мисрае ҳам нанавишта ва шаҳри Душанберо надида ва Душанбе ҳам он замон вуҷуд надошт, ҷуз як дашти ботлоқзор набуд.
Лек ногуфта намонад, ки ин шаҳри Душанбе ҳам бо чи ҷонбозиҳои бузургонат ба даст омаду ба як кишвар ва давлат мубаддал гашт. Танҳо дар ин даҳсолаҳои охир ба шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шавқат, маскани тоҷикони бузурги дунё табдил ёфт. Инҷунин мавриди ёдоварист, ки ин пешрафту дастовардҳои беназир натиҷаи заҳматҳо ва кушишҳои абармардони миллати сарбаланди тоҷик мебошад, ки кишварро гул -гулшукуфон ва давлати тоҷиконро дар арсаи байналмиллали муаррифӣ намуданд.

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

© 2019 TAJINFO. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфуз аст..Design & by Jamoliddin Jum^a

Ҷустуҷӯ