Варзиш

Дар Москва ғолибонро оид ба муҳорибаи миллии тоҷикии гӯштингирӣ муайян намуданд

6 октябр дар Қасри варзишии ба номи Иван Яригини шаҳри Москва мусобиқа оид ба муҳорибаи миллии тоҷикии гӯштингирӣ шуда гузашт.

Мусобиқаро роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии “Помир” Анзор Назархудоев ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр кард:

-Мақсади асосии гузаронидани мусобиқаи мазкур ин ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон, фарогирии онҳо ба варзиш ва албатта, омммавӣ ва машҳур гардонидани гӯштини тоҷикӣ берун аз ҳудуди Тоҷикистон мебошад. Мустаҳкам кардани дӯстӣ байни доираҳои гуногуни варзишӣ ва баландбардории малакаву маҳорати варзишгарони тоҷик мебошад.

Дар мусобиқа беш аз 100 нафар аз доираҳои мухталифи варзишӣ ширкат доштанду дастаи доваронро варзишгари номии тоҷик, ғолиби бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев сарварӣ мекард.

-Ҳангоми гузаронидани мусобиқаҳои гуногун мо муаррификунандаи фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик ҳастем. Бо гузаронидани мусобиқаи гӯштингирӣ дар сатҳи баланд ва зарурӣ мо ҳиссаи худро дар раванди ҳамин муаррифинамоӣ мегузорем. Зеро вақтҳои охир мусобиқаи гӯштингирӣ ҳамчун як намуди варзиш сол то сол мухлисони зиёд пайдо намуда истодааст ва дар ин миён шаҳри Москва истисно нест, - қайд намуд роҳбари комиссия оид ба варзиши Шӯрои оид ба масъалаҳои муносибатҳои миллӣ дар назди Ҳукумати Москва Батор Дугарович.

-Мусобиқа шавқовар гузашт, махсусан қисмати финалии он, вақте қувваозмоӣ байни варзишгарони вазни 66 кило доир шуд, - таассуроташро иброз дошт Расул Боқиев ва илова намуд, - ҳамаи масъалаҳои марбут ба довариро мо дар реҷаи варзишӣ ҳал кардем, ҳолатҳои баҳсӣ ҳалли худро ёфтанд, гоҳи зарурат аз сабти видеоӣ истифода бурдем ва кӯшиш кардем натиҷаи ҳадди имкон адолатонаро барорем.

Зикр бояд кард, ки Мусобиқаи байналхалқӣ оид ба муҳорибаи варзишии миллии тоҷикии гӯштингирӣ аз ҷониби ООМ “Помир” ва Радиои “Муҳоҷир” ташкил карда шуд. Рӯйихати ғолибони озмун мо дертар нашр мекунем, аммо пешакӣ гуфтан мумкин аст, ки онҳо бо туҳфаҳои қимматбаҳо ва хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Барои маълумот:

“Гӯштингирӣ” таърихи қадима дошта, қисмати ҷудонашавандаи тамаддуни тоҷик мебшад. Муҳорибаи варзишии тоҷикӣ-Гӯштингирӣ борҳо дар “Шоҳнома”-и Абдулқосими Фирдавсӣ зикр шудааст. Дар Тоҷикистон дар санаҳои намоёну таърихӣ яке аз қисматҳои асосии он мусобиқаи гӯштингирӣ мебошад.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

© 2019 TAJINFO. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфуз аст..Design & by Jamoliddin Jum^a

Ҷустуҷӯ