Суди ҳарбии Иркутск се нафар шаҳрвандони Осиёи Марказиро ба маҳбас равон намуд. Ин қонунвайронкуниҳоро мақомоти амниятии вилояти Иркутск ошкор ва тафтиш намудаасту ҳар се нафарро ба ҷурми ҳамкориву таблиғ ба ташкилотҳои ифротгаро муттаҳам менамоянд. Расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки ин 3 қазия ба ҳам пайваст нестанд.
Дар навори паҳншуда, нафаре аз муттаҳамшудагон –Ҳайдарзода ба тоҷикӣ сухан мекунад. Додгоҳ ин нафарро ба 16 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Тафтишот муқаррар ва исбот намудааст, ки Ҳайдарзода бо намояндагони ташкилоти «Давлати Исломӣ», ки дар Россия манъ аст, ба алоқа баромада таълимоти ифротгароӣ гирифтааст. Баъдан ғояҳои ин ташкилотро тариқи интернет паҳн намудааст. Тафтишот ин нафарро барои ҷалби пайвастан ба ташкилотҳои ифротгаро низ муттаҳам менамояд.
Инчунин, дар манзили истиқоматии ин нафар сарулибоси ҳарбӣ ва дастурамалҳои тайёр намудани маводҳои таканда ёфт шудааст.