Аз 17 мусофири хатсайри Курғонтеппа-Душанбе – Москва, ки ханӯз 29 декабри соли гузашта ба фурудгоҳи Шереметевои Москва расида буданд, 10 нафар то ба ҳол дар минтақаи «транзитӣ» қарор доранд.
Байни онҳо ду зан ва 1 кӯдак низ ҳастанд. Чанд вақт пештар аз ин 17 нафараҳо 7 нафар ба шаҳри Оши Қирғизистон парвоз намуда буданд.
Мушкилоти ин мусофирон ҳанӯз дар Қурғонтеппа сар шуда буд. Ширкати ҳавопаймоии «Северный ветер», ки тайёрааш мебоист аз Қурғонтеппа ба самти Москва парвоз мекард, мусофиронро ба Душанбе овард. Парвоз шаби 29 декабри соли гузашта оғоз шуду 30 декабр онҳо ба фурудгоҳи Шереметево расиданд. Аммо сарҳадбонони Хадамоти амнияти Русия ба 17 нафар иҷозат надоданд, ки сарҳадро убур намоянд.
Дар 8 рӯзи аввал ширкати ҳавопаймоии масъул танҳо се маротиба ба ин мусофирон хӯрок оварда будаанд. Ин ҳол то он вақте давом намуд, ки як духтари тоҷикистонӣ тасодуфан бо онҳо дучор нашуд. Баъди зангҳои бешумору муроҷиат ба ин ширкат онҳоро се вақт бо хӯроки гарм таъмин намуда истодаанд.
Кӯшишҳои мо оиди ба даст овардани шарҳи Сафорати Тоҷикистон натиҷае надод. Аммо яке аз мусофирон гуфт, ки намояндагони Сафорат рӯзи 8 январ аз аҳволи онҳо хабар гирифта, хӯрокворӣ оварда будаанд. Ояндаи наздики ин нафарон то ҳол норӯшан боқӣ мемонад.
Ба чунин ҳолат мусофирони хатсайри Душанбе –Самара низ, ки рӯзи 12 январ ба фурудгоҳи ин шаҳр расида буданд, дучор шуданд. Вобаста ба ин қазия Консули Генералии Тоҷикистон дар Уфа Саид Эмом Давлат ба мо чунин иттлоъ дод:
- Мақомоти салоҳиятдори Россия ба 12 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозати вуруд надодаанд. Ташкилоти чамъиятии Самара онҳоро бо хӯроки гарм таъмин намуда истодаанд. Бо мақомоти фурудгоҳ дар тамос ҳастему ҳоло ҳуҷҷатҳои ин нафаронро омӯхта истодаем ва дар ҳоли зарурат албатта кумак хоҳем кард.
Ёдовар мешавем, ки танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар сурати доштани чунин асосҳо метавонанд ба қаламрави Федератсияи Россия ворид шаванд:
1.Иҷозати зист( Вид на Жительство) доранд ва ё иштирокчии Барномаи бозгашти хамватанон ба Россияанд (добровольное переселения в Россию).
2. Волидайн, фарзанд ва ё ҳамсарашон шаҳрвандии Россия доранд.
3. Ниёз ба табобат доранд ва табобати пештараро дар Россия гузаштаанду ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда доранд.
4. Муттахассиси таҷҳизоти хориҷианд ва дорои даъватномаи бо Ҳукумати Россия ҳамоҳангшуда доранд.
Барои боқимондаҳо вуруд ба Россия манъ аст!