Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди шимоли ин кишвар филилаи худро кушод.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд намояндагии Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд аз соли 2014 инҷониб фаъолият дошт ва бо бештар шудани теъдоди муштариёни бонк тасмим гирифта шуд, ки шумораи филиалҳо зиёд карда шавад. Дар филиали бонк 33 нафар мутахассисони ҷавон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд ва 50 дарсади кормандони филиал аз ҳисоби занон интихоб шудаанд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Бонки байналмилалии Тоҷикистон имрӯзҳо бо як қатор ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамкории самаранок дошта, дар ояндаи наздик дар шаҳри Панҷакент низ филиали худро боз менамояд.