Муҳоҷират

30 миллион доллар барои ташкили Марказҳои корҷӯяндагон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ният доранд, ки мушкилоти бекориро ҳал кунанд ва дар саросари ҷумҳурӣ марказҳое созанд, ки дар он ҷо бекорон метавонанд ҷойҳои корӣ, аз ҷумла дар хориҷабударо низ пайдо кунанд. Қарор аст, ки марказҳо ба корҷӯён на танҳо ҷойҳои холии корӣ пешниҳод кунанд, балки омӯзиш ва кумак дар ҳуҷҷатҳоро низ ташкил кунанд.

Барои татбиқи ин лоиҳа Бонки Осиёии Рушд розӣ шуд, ки 30 миллион доллар ҷудо кунад, 1,5 миллион долларро Ҷопон медиҳад, 3 миллион доллари дигар аз буҷаи Тоҷикистон ҷудо карда мешавад. Ҳоло ин санад дар баррасии парлумони ҷумҳурӣ қарор дорад.

Пурсиш

Кадом кишвари қадима дар соҳили шарқии баҳри Миёназамин ҷойгир шудааст?

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

© 2019 TAJINFO. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфуз аст..Design & by Jamoliddin Jum^a

Ҷустуҷӯ