Президенти Русия Владимир Путин мӯътақид аст, ки шиори "Русия барои русҳо", ки онро аксар вақт миллатгароён истифода мекунанд, барои миллати рус зараровар аст. Вай ин андешаро зимни як нишасти видеоӣ бо раҳбарони фраксияҳои парлумонӣ иброз дошт.
-Миллатгароии ғорӣ, ки шиори он" Русия танҳо барои русҳо аст", фақат ба русҳо ва ба Россия зиён мерасонад ва аз дохил ба таҳлукаи он мусоидат мекунад. Мо набояд ба ин роҳ диҳем. Албатта, мо бояд кафолат диҳем, ки фарҳанги ҳар як миллат, таърихи он, пайдоиши ҳар як миллат дар кишварамон гиромӣ дошта, рушд ва эҳтиром карда шавад, - гуфтааст Владимир Путин.
Ин посухи Путин ба суханони раҳбари ЛДПР Владимир Жириновский буд. Жириновский дар ин нишаст ақидаеро изҳор дошт, ки муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ набояд ба Россия роҳ дода шаванд. Ӯ гуфт:
-Булғорҳо, украинҳо, белорусҳо, сербҳо - ин имконпазир аст, аммо на аз Осиёи Марказӣ. Он (муҳоҷир) дар ҷайбаш, ҳар кадомаш барои истеъмоли шахсӣ ду грамм дору меорад. Аммо онро дар ин ҷо мефурӯшад. Аз ин рӯ шумо муҳоҷиронро оварда наметавонед, онҳо рафтанд ва ин хуб аст.