Дар шаҳри Косимови вилояти Рязан Хадамоти амнияти ин шаҳр нисбати як нафар сокини маҳаллӣ парвандаи ҷиноиро оғоз намуд. Ин нафар дар хонае, ки ягон шароити зист надорад, ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба қайди расмӣ гузоштааст.
Дар шаҳри Толятии вилояти Самара бошад, як марди 50-сола 26 нафар муҳоҷирони меҳнатиро дар хонааш расман ба қайд гузоштааст. Аммо ин шаҳрвандони хориҷӣ дар суроғаи нишондодашуда зиндагӣ намекардаанд. Аз рӯи ин далел номбурдаро ба вайрон намудани моддаи 323, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Россия муттаҳам мекунанд, ки барои амал то 3 сол маҳбас пешбинӣ шудааст.
Чунин кирдор дар Санкт-Петербург низ ба қайд гирифта, тафтиш ба охир расид. 3 нафар зани маҳаллӣ дар муддати кӯтоҳ 2, 5 ҳазор муҳоҷиронро ғайриқонунӣ ба қайд мондаанд. Онҳо дар маркази ин шаҳр ҳуҷраи корӣ иҷора гирифта, хидматрасонии худро тариқи интернет ба роҳ монда буданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин ҳолатҳо муҳоҷиронро метавонанд, барои вайрон намудани қоидахои будубош ( Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, моддаи 18.8, қисми 3) айбдор намоянд. Дар ин хҳолат ба онҳо 5 ҳазор рубл ҷарима ва ё маҷбуран ихроҷ, яъне депорт таҳдид менамояд.
Зиёда аз ин, агар бақайдгузорӣ дар маъхаз (база) набошад, муҳоҷиронро метавонанд аз рӯйи моддаи 327 қисми 5- и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ба ҷавобгари кашида, то 2 сол аз озоди маҳрум кунанд.
Инчунин, дар ҳолати то 30 рӯз дҳар қайди ғайриқонунӣ ҳузур доштан, вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба 3 сол, то 90 рӯз ба 5 сол ва зиёда аз 90 рӯз ба 10 сол маҳкам карда мешавад.