Ахиран Алексей Навалний – сиёсатмадори рус ба Россия баргашт. Аммо дар худи фурулгоҳи Шереметово намояндагони Хадамоти Федеролии Зиндонҳои Россия (ФСИН) ӯро боздошт намуданд.
Номбурда ба вайрон намудани қоидаҳои ҳабси шартӣ айбдор шуда, ҳанӯз аз 29-уми декабри соли гузашта таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт. Вале ба ин нигоҳ накарда, Навалний ба он бовар буд, ки Додгоҳи аврупоӣ ӯро бегуноҳ ҳисобидаасту ин қазия ба фоидааш ҳал мешавад.
Шоми дирӯз қариб ним миллион нафар бозгашти ӯро аз Олмон он –лайн назорат менамуданду ҳаводорони зиёдаш ба фурудгоҳо рафта буданд. Политсияи Москва якчанд нафар пешвозгирандагонро боздошт намуд, ки байни онҳо Самараддин Раҷабови зодаи Тоҷикистон низ ҳузур дошт.
Алексей Навалний тарафдори ҷорӣ намудани режими раводид (виза) бо давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошаду дар масъалаи муҳоҷират одатан далелҳоро тағйир ва ба манфиати худ медиҳад. Масалан, ҳанӯз соли 2013 ҳангоми номзад буданаш ба мақоми шаҳрдори Москва гуфта буд:
- Оё медонед, ки 40 фоизи тоҷикони ҷинси марди олам дар Москва иқомат доранд? Оё медонед, ки занҳо шабона метарсанд, ки ба кӯча бароянд? Оё медонед, ки муҳоҷирон ғорат мекунанд? Оё медонед, ки 50 фоизи ҷиноятҳои вазнин дар Москва кори дасти муҳоҷирон аст?
Дар ҳамин ҳол ёдовар мешавем, ки мувофиқи маълумоти расмӣ танҳо аз 3 то 3, 5 фоизи ҳамаи намуди ҷиноятҳо ба дӯши шаҳрвандони хориҷист.
Видео