Дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии Екатеринбург шаби 13 ба 14-уми январ ошӯбе сар зад, ки танҳо нирӯҳои даъватшудаи политсия тавонистанд, онро саркӯб намоянд.
Аз рӯи гуфтаҳои сухангӯи политсияи вилояти Свердлов –Валерий Горелих шаҳрвандони яке аз давлатҳои хориҷӣ хостааст ба дохили боздоштгоҳ машруботи спиртӣ ворид кунад. Ин ҳолат аз ҷониби посбонҳо сари вақт пешгирӣ мешаваду боиси норозигии боздоштшудагон мегардад. Боздоштшудагон дарҳои ҳуҷраҳоро маҳкам намуда, ба шикастани чизу чораҳо оғоз мекунанд. Ба нишони эътироз як шаҳрванди Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Арманистон раги дастони худро мебуранд.
Нирӯҳои махсуси даъватшудаи политсияи ин минтақа ошӯбро саркӯб ва вазъро мӯътадил мегардонанд.
Дар ҳамин ҳол, Консули Генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Саидзода ба радиои “Муҳоҷир” хабар дод, ки дар боздоштгоҳ 7 шаҳрванди Тоҷикистон низ қарор доранду ҳамаи онҳо нафарони аз маҳбасҳо озодшуда мебошанд. Консули Генералӣ иттилои онро, ки гӯё саркардаи ин ошӯб шаҳрванди Тоҷикистон бошад, тасдиқ накард.Аммо зикр сохт, ки дар байни дар боздоштгоҳбудагон собиқ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Рӯзиеви 54 сола низ буда, ки айни ҳол шахси бетабаа ҳисоб меёбад ва илова намуд:
-Танҳо дар ҳолати барқарор намудани шаҳрвандии Тоҷикистон ӯро метавонанд ба Тоҷикистон ихроҷ намоянд. Аммо худи Каримҷон Рӯзиев қатъиян намехоҳад, ки ба Тоҷикистон баргардад. Зеро модараш рус ва шаҳрванди Россия буда, интизор меравад, ки ӯро бо қарори суди маҳаллӣ аз боздоштгоҳ озод намоянд. Каримҷон Рӯзиев борҳо дар Россия аз озодӣ маҳрум шудааст.
Навори ин ҳодисаро Телеграмм-канали УРА.РУ пахш намудааст.