Шоми 15 сентябр фаъоли ҷамъиятии тоҷик дар Россия Иззат Амон тасмимашро оид ба созмон додани ҳизби муҳоҷирони тоҷик "Тағйирот, Ислоҳот ва Тараққиёт» эълон кард.
Чӣ тавре Ахбор.ком менависад «ҳадафи ниҳоӣ ширкат дар интихоботи президентии соли 2020, вақте ки муҳлати президентии сарвари кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба охир мерасад.”
Бино ба изҳороти Иззат Амон онҳо тасмим доранд, ки ҳизбашонро дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гиранд, ҳоло бошад “корҳо оид ба ташкили ҳизб (дар Россия) сар шудааст.
Вале қонунгузории Федератсияи Россия ба шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти сиёсиро манъ мекунад. Мутобиқ ба моддаи 9-и Қонуни Федеролии Россия “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” аз 11.07.2001 N 95-ФЗ (таҳрири охирин) дар ҳудуди Федератсияи Россия ташкил ва фаъолият кардани ҳизбҳои сиёсии давлати дигар ва зерсохторҳои он иҷозат дода намешавад.
Аз рӯйи талаботи моддаи 31 Конститутсияи Федератсияи Россия бошад, ширкати хориҷиён дар фаъолияти сиёсӣ, аз ҷумла гирдиҳамоиҳо, ҳамоишҳо (аз ҷумла иҷозатдодашуда) вайрон кардани қоидаи будубошро мефаҳмонад ва номутобиқатӣ ба мақсади ташрифи нишондодашудаи хориҷӣ мебошад, ин ҳолат ба андозаи аз 2 000 то 5000 рубл ҷаримабандӣ кардашуда ин гуна шаҳрванди хориҷӣ аз ҳудуди Федератсияи Россия ихроҷ карда мешавад.