Сокини деҳаи Арҷинаки Болои шаҳри Ҳисор Ҳамза Саидов, ки қариб 80 сол умр дорад, тасмим гирифт, ки мувофиқи қудрату тавоноӣ роҳи мушкилгузари самти деҳаашро бо маблағи солҳои зиёд ҷамъоварӣ кардааш бетонпӯш кунад.
Роҳи мазкур яке аз баландтарин ва хатарноктарин роҳҳои шаҳри Ҳисор ба шумор меравад. Онро дар даврони шӯравӣ ба хотири ҷустуҷӯи геологӣ, омадурафт ба лагери тобистонаи «Арҷинак» ва хоҷагии ҷангали Ҳисор тавассути булдозер тахту ҳамвор намуда буданд ва то ҳол хокию сангфарш буда, умуман мумфарш нашудааст.
Ҳамза Саидов як умр ба ҳайси ҷангалбону асалпарвар дар ин деҳаи дурдаст зиндагӣ карда, ҳазорон бех дарахтони сояафкану мевадиҳандаро ба воя расонида, дар сарсабзии диёр саҳм гузоштааст. Ӯ чанде пеш аз ҳисоби хеш қуму шағалу семент харида, 600 метр қисмати аз ҳама мушкилгузари роҳи самти деҳаҳои Арҷинаки Поёну Арҷинаки Болоро бетонпӯш кард.
Акнун дар мавсими боришот низ рафтуо ба деҳаҳо имконпазир гардид. Ҳамза Саидов тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳар сол маблағи аз фурӯши ҳосили 80 бех дарахти себ бадастовардаашро сарфи таъмири роҳ намояд.