Бино ба иттилои ЮНИСЕФ дар давлатҳои Осиёи Миёна беш аз 32 ҳазор кӯдакони то панҷсола зиндагӣ мекунанд, ки шаҳодатномаи таваллуд надоранд.
Аз ин теъдод 13500 нафари онҳо ба Тоҷикистон рост меояд. Аз ҳама зиёд кӯдакони шаҳодатномаи таваллуднадошта ба Қирғизистон рост меояд, ки он 18 ҳазорро дар бар мегирад. Мушкилоти шаҳодатномаи таваллуд надоштан дар фарзандони муҳоҷирони беҳуҷҷат ва шахсони бешаҳрванд ба қайд гирифта шудааст.
Дар баробари ин ҳамоно дар давлатҳои Осиёи Миёна сатҳи баланди таваллуд ба ҳисоб гирифта шуда, агар дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон – 100 фоиз бошад, дар Қирғизистон – 98 фоиз ва Тоҷикистон 96 фоиз аст.