18 тан собиқадорони хизмати давлатии Тоҷикистон давоми як ҳафта дар Қирғизистон истироҳат карданд.
Бино ба гуфти як тане аз онҳо, собиқадори соҳаи матбуот Судуриддин Маҳкамов имконияти мазкур боо ибтикори раиси вилояти Суғд, ҷонишини аввали раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва дастгирии намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Суғд Акрам Қамбаралиев, ҳокими ноҳияи Боткон Кенеш Салихов фароҳам омадааст.
Гурӯҳи собиқадорон тӯли як ҳафта ба ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуда, аз . Боткон, Ӯш, Чӯй, Ҷалолобод ва Иссиқкӯл боздид ба амал овардаанд. Махсусан, оби шифобахши кӯли афсонавии Иссиқкӯл - марвориди Қирғизистон, боду ҳавои ниҳоят фораму гуворо, истироҳатгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавии "Киргизкое взморе", "Золотие пески", тамошои манзараҳои дилфиребу нотакрори дараи Григорев бо кӯҳҳои сарсабзу арчазорони қадбаланду дарёи шӯхобаш, инчунин пазироии гарму меҳмоннавозии дӯстони қирғиз дар онҳо таассуроти неку хотирмон боқӣ гузоштааст.
Бояд гуфт, ки аксари собиқадорон аз шаҳри Исфара мебошанд. Исфара шаҳрест, ки бо ноҳияи Боткони ҶҚ ҳамсарҳад буда, дар ин минтақа мунтазам муноқишаҳои сарҳадӣ ба вуҷуд меоянд.