Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли ятимон хабар гирифт.
Давоми чанд рӯз аст, ки Раҷаббой Аҳмадзода – раиси вилояти Суғди Тоҷикистон аз ҳоли ятимону бепарасторон хабар гирифта, ба онҳо кумаки пуливу мерасонад. Бино ба иттилои котиби матбуотии раиси ин вилоят Музаффар Юнусов ахиран Аҳмадзода аз ҳоли Зайнураву Нозанину Соҳибҷон, сокинони деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз падару модар маҳрум мондаанду дар тарбияи амакшон ҳастанд, аёдат намудааст. Қаблан бошад, номбурда аз ҳоли Бобоҷон Саломов ва Ҳасан Шерматови маъюб хабар гирифта буд.
Гуфта мешавад, ки ин тасмими раиси вилоят дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май таҷлил карда мешавад, амалӣ шуда истодааст.