Намояндагони ҷомеаҳои наздисарҳадии вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Боткони Қирғизистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва варзишгарону ҷавонон дар Маркази таълимии Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо ҳам мулоқот карданд.
Дар доираи лоиҳаи муштараки «Дастгирии ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар чаҳорчӯби ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи илмӣ техникии зиёиёни Тоҷикистон», ташкилоти байналхалқии ғайридавлатии «Дунёи бехатар» (Saferworld) ва шуъбаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон рӯзҳои 6-7-уми уми апрели соли ҷорӣ дар Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон чорабинии байналмилалии байнисарҳадии «Дӯстӣ-2019» доир гашт.
Чорабинии мазкур барномаи байналхалқӣ буда, бо мақсади равнақ бахшидани дӯстӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, пешгирӣ аз муноқишаҳои наздисарҳадӣ, таъмини амнияту бехатарӣ дар ҳудуди минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои Суғд ва Бодкени ду ҳамсоякишвар равона гардид. Ҷиҳати иштирок кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ходимони ҷамъиятиву давлатӣ, фаъолон, ҷавонони ташаббускор, намояндагони касбу кори гуногун 80 нафар аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳади Исфараи Тоҷикистон ва Бодкени Қирғизистон даъват гардиданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушовири Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҷураев Ориф Олтинович ва ҷониби меҳмононро муовини сардори РВКД Ҷумҳурии Қирғизистон полковники милитсия Усанов Арстан Аманович роҳбаладӣ менамуданд.
Тибқи барномаи ин лоиҳа, баргузории мизи мудаввар ва мусобиқаҳои варзишии футбол ва волейбол ба нақша гирифта шуда, бо иштироки фаъолонаи ҷонибҳо дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.
Дар рӯзи дуюми чорабинӣ бо мақсади шиносоӣ аз таъриху фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик ҳайати иштирокчиёни чорабинии байналмилалии байнисарҳадии «Дӯстӣ-2019» ба сайру гашти мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд сафарбар гардиданд. Маҷмааи таърихии Истиқлоли шаҳри Хучанд, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, боғи истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази маъмурии вилоят мавриди тамошои меҳмонон қарор гирифт.
Пурсиш
Кадом кишвари қадима дар соҳили шарқии баҳри Миёназамин ҷойгир шудааст?