Политсияи Вогоград мошини таксиеро боздош менамояд, ки аз он халтаи шубҳанокеро пайдо мекунад. Сари чамбари ин таксӣ сокини 24 солаи Маскав нишаста буд.
Хокаи дар халта ёфтшударо барои таҳқиқ ба Маркази криминалистии Сарраёсати Вазорати Корҳои Дохилаи Россия дар вилояти Волгоград фиристода мешавад. Таҳқиқ нишон додааст, ки маводи мусодирашуда ҳероин буда, вазни умумии он қариб ним килоро ташкил медиҳад. Ронандаи таксӣ боздошт мешавад.
Баъдан, кормандони Раёсати назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Сарраёсати ВКД Россия дар вилояти Волгоград дар ҳамкорӣ бо ҳамкорон аз Ҷумҳурии Кабардину Балкар кофтуков гузаронида, фармоишгарони ҳероинро муайян карданд. Онҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон будаанд. Бо дархости муфаттиш ҳар се айбдоршаванда ба ҳабс гирифта шуданд.
Нисбати се судшаванда барои паҳн кардани маводи мухаддир парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Ба онҳо то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Бо дархости муфаттиш ҳар се айбдоршаванда ба ҳабс гирифта шуданд.