Хадамоти гумруки Иркутск ҳангоми назорати гумрукӣ дар фурудгоҳ аз бағоҷи ду шаҳрванди Тоҷикистон беш аз як кило маводи номаълумро дарёфт кардааст. Ду бастаи вазнашон 0,51 ва 0,50 кг барои ташхис фиристода шуданд ва дар ҳарду ҳолат, ташхис нишон дод, ки ин маҳсулот “нос” будааст.
Ин нафарон ба Иркутск аз Душанбе расиданд. Онҳо кӯшиш карданд, ки маҳсулоти ғайриқонуниро аз тариқи долони "сабз" интиқол диҳанд, дар ҳоле ки "эъломияи" гумрукии мусофирон ворид кардани маълумот дар бораи маҳсулоти тамокуро ҳатмӣ медонад . Ҳоло кормандони гумрук дар бораи оғози парвандаҳои маъмурӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани мардон қарорҳо қабул мекунанд.
Бояд қайд кард, ки барои мақсадҳои шахсӣ ба шаҳрвандон иҷозат дода мешавад, ки ба Русия 250 грамм тамоку, инчунин 200 дона сигор ё 50 дона сигара ё ин маҳсулотро бо ассортимент бо вазни умумии на бештар аз 250 грамм аз ҷониби як нафар, ки ба синни 18 расидааст, ворид намоянд.