Рӯзномаи “Комсомолская Правда” маводеро чоп намуд, ки дар он сухан дар бораи як ифротгари тоҷик, ки номаш Маҳмуд Ҳоҷиев аст. Ӯ соли 2011 бо як зане аз вилояти Новосибирск издивоҷ мекунаду онҳо соҳиби писар мешаванд. Баъдан, соли 2016 Маҳмуд оилаи худро ба сайру гашт мебараду дар яке аз шаҳрҳои Ироқ ҳамроҳи писараш ғайб мезанад. Политсияи Ироқ, ки ба онҳо зани Маҳмуд муроҷиат намудааст, кумаке карда натавонистанду ӯ маҷбур шудааст, ба Россия бармегардад.
Баъдан маълум мешавад, ки шавҳараш писарашро дуздида, ба Афғонистон бурдаву бо яке аз гурӯҳҳои ифротгар пайвастааст.
Дертар Маҳмуд бо завҷааш тамос гирифта, чанд маротиба ба писараш низ иҷозат додааст, ки бо модараш сӯҳбат намояд. Аммо, соли 2018 яке аз рафиқони Маҳмуд ба зан занг зада, хабари марги Маҳмудро расонидааст. Инчунин, маълум шудааст, ки фарзандашон – Алик ҳоло дар тарбияи зани дигари афғонии Маҳмуд қарор дорад.
Ин зан, ки номи ӯро “Комсомолская Правда” шартан Майя Казакова овардааст, то ҳол кӯшиш дорад, кӣ фарзандашро баргардонад ва тайёр аст ба Афғонистон сафар кунад. Аммо мақомоти Россия то ҳол марги шавҳарашро эътироф накардаанду ба ӯ иҷозат намедиҳанд, аз ҳудуди Россия берун шавад.