Фаъоли чомеъӣ Музаффар Имомдод дар Фейсбуки худ, хабар додааст, ки бори аввал дар таърихи тоҷикон, ҳамватани мо Дилафрӯз Хоникбоева дар дастаи президент Штатҳои Муттаҳидаи Амрико кор хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки маъмурияти президенти тозаинтихобшуда Байден таҳаммулпазирӣ, ҳалли низоъҳо ва тағирёбии иқлимро дар мадди аввал мегузорад. Дилафрӯз ва дониши ӯ ба тамоми меъёрҳое, ки маъмурияти Байден ва Ҳаррис ба он таваҷҷӯҳ доранд, мувофиқат мекунанд. Вай ин ҳафта барои савганд ёд кардан даъват карда шуд ва ба ҳайси мушовири калони сиёсӣ, банақшагирӣ ва омӯзиш ба USAID - Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ пайвастааст.
-Ин барои ҳамаи тоҷикон хабари олиҷаноб аст, - навиштааст Музаффар Имомодод.
«Радиои Муҳоҷир» ба ин табрикот мепайвандад ва ба Дилафрӯз муваффақиятҳо таманно менамояд.