Дар деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара пас аз анҷоми мусобиқаи варзишӣ ҳамагон аз оши бомаззапухтаи милитсионерон тановул карданд.
Мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони ШВКД-2-и шаҳри Исфара ва дастаи ҷавонони деҳоти Чоркӯҳ дар варзишгоҳи хурди деҳа доир гардид. Ин чорабинӣ дар доираи лоиҳаи “Маъракаи иттилоотии ҷамъиятӣ”, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Гурӯҳи кории “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии “Saferword” (“Дунёи бехатар”) баргузор гашт.
Бино ба гуфти ҳамоҳангсози лоиҳа М.Шарипов ҳадаф аз баргузории мусобиқа тақвият додани ҳамкории ҷомеа бо милитсия, таҳкими боварӣ ва аз байн бурдани тарс буда, гузаронидани ин гуна чорабиниҳо барои кам шудани ҷинояткорӣ байни ҷавонон, пешгирии амалҳои номатлуб дар ҷомеа ва рушди институтҳои шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.
Муовини сардори ШВКД-2, майори милитсия Солиҷон Парпиев гузаронидани ин гуна чорабиниҳоро саривақтӣ арзёбӣ намуда, мегӯяд, ки ташкили мусобиқаҳои гуногун бо ҷалби ҷавонону ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо амри зарурист ва хоҳони минбаъд низ гузаронидани ин гуна чорабиниҳо ҳастанд.
-Кормандони милитсия аз рӯйи тақозои вазифа одатан одамони хеле ҷиддӣ ва камгап ҳастанд, лекин мусобиқаи имрӯза баъзе стереотипҳои беасосро нисбат ба милитсия дар тафаккури ҷавонони деҳа шикаст. Мо акнун ба хубӣ дарк кардем, ки кормандони милитсия ҳам мисли дигар одамони муқаррарӣ метавонанд аз дастовардҳои худ хурсанд шаванду аз нокомӣ нороҳат. Бо онҳо метавон дар ҳама мавзӯъҳо бе ягон мушкилӣ суҳбат кард, - мегӯяд футболбози дастаи ҷавонон Н.Абдуллоев.
Дар фарҷоми мусобиқа футболбозон бо медалҳои дараҷаҳои 1 ва 2, Ифтихорномаву Ҷом қадршиносӣ карда шуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки пеш аз оғози бозӣ раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Ш.Насриев ва муовини сардори ШВКД-2, майори милитсия С.Парпиев оид ба рушди варзиш ва ҳамкориҳои ҷомеаю милитсия баромад карданд.