Дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон бозии даври якуми мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои футболи мунтахаби Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфтааст.
Тибқи гузориши расонаҳо, қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфта, ҳарду голи дастаи мунтахаби Ҳиндустонро Сунил Четри дар дақиқаҳои 4-ум (аз пеналти) ва 41-ум ба ҳадаф расонид. Дар қисми дуюми бозӣ футболбозони тоҷикистонӣ ба хатти ҳамла гузашта, дарвозабони дастаи мунтахаби Ҳиндустонро маҷбур намуданд, ки чор бор тӯбро аз дарвозааш берун орад. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расониданд.
Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро бо пирӯзӣ оғоз намуд. Дар даври дуюм футболбозони тоҷик бо дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии хешро дастаи мунтахаби Тоҷикистон 15 июли соли равон бо дастаи мунтахаби Сурия доир менамояд. Иштирок дар Мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.