Дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасон, ҷавонон, калонсолон ва ашхоси дорои имконияташон маҳдуд баргузор гардид.
Дар ин мусобиқаи фароқоравӣ Амирҷони Нуриддин дар вазни 55 кг, Ибодулло Ибодов 41 кг, Гадоева Фотимахон 41 кг, Алиҷон Бобомуродов 56 кг, Муҳаммад Алимов 21 кг ва Муҳаммадшофеъ Баротов ба гирифтани нишони тилло даст ёфтанд. Ҳамзамон Мансурҷон Сабуров, Абдулфатоҳ Расулов, Али Расулов ва Назарзода Маъруф ба гирифтани мақоми дуюм мушарраф гардиданд. Сафиаллоҳи Муҳаммадалӣ нишони биринҷии мусобиқоти фароқоравиро ба гардан овехт. Дар рӯзи охири мусобиқа Абдуманон Раҳимов дар вазни 77 кг миёни мастерҳои дараҷаи 3 дошта ҳунарнамоӣ карда, то ба рақобати ниҳоӣ роҳхат гирифта, зинаи дуюмро ба даст овард. Ба иттилои роҳбари Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов варзишгарони тоҷик дар маҷмуъ 6 медали тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.