Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар шаҳри Душанбе бозии дуюми дӯстонаро бо ҳамтоёни худ аз кишвари Уммон баргузор намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. Хотиррасон мекунем, ки бозии аввали дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба суди дастпарварони Аҳлиддин Турдиев ба анҷом расида буд. Бозиҳои дӯстонаи мазкур як омодагии ҷиддии мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба шумор меравад.
Бозии дӯстона
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Уммон (U-16) – 2:0
Голҳо: Абдулфатохи Худойдодзода, 28 (1:0). Меҳрубони Абдурауф, 90 (2:0).
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Уммон (U-16) – 3:3
Голҳо: Абдул Алим Абдулла Садулла Ал-Раваҳӣ, 35 –пеналти (0:1). Мишари Али Сайф Ал-Ҳасанӣ, 38 (0:2). Абдул Раҳман Сауд Юнус Ал-Ҷабрӣ, 45 (0:3). Хуршед Убайдуллозода, 45+3 –пеналти (1:3). Афлах Солеҳ Ҷамил Ал-Ҷаради, 47 –(худгол) (2:3). Абдуфатохи Худойдодзода, 83 (3:3).