22 Ноября 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Комроншоҳи Устопириён ғолиби мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо гашт

Гӯштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён ғолиби мутлақи мусобиқоти байналмиллалии Гран-при оид ба гӯштини дзюдо гардида, ҳамзамон роҳхатро барои ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2016 ба даст овард.
Мусобиқоти Гран прии дзюдо рӯзҳои 10-12 октябри соли равон дар пойтазхти Қазоқистон - шаҳри Остона аз рӯи 7 вазн бо ширкати беш аз 270 паҳлавон аз 36 кишвари олам баргузор шуд.
Варзишгари тоҷик дар вазни то 90 кг нисбат ба 25 довталаб дар ин вазн бартарии комил нишон дода, бо се ғалабаи пайдарпай ба даври ниҳоӣ расид.
Дар рақобати аввал намояндаи Словакия Милан Рандлро шикаст дода, баъдан паҳлавони русиягӣ Самир Гучапшев дар рақобат бо Комроншоҳ омодагии сусттар нишон дод ва шикаст хурд. Ҳамчунин дар сабқат барои расидан ба қисмати ниҳоӣ Комроншоҳ бо намояндаи Фаронса Алесандр Иддир вориди сабқат шуд ва бо истифода аз маҳорату зӯрмандиаш ғолиб омад.
Дар ниҳояти мусобиқот дар вазни то 90 кг мизбони мусобиқот Асет Ахметҷонов ва Комроншоҳи Устопириён воридиқ увваозмоӣ шуданд ва ин бозӣ бо ғалабаи намояндаи Тоҷикистон ба поён расид.
Ҷойи қайд аст, ки дар ин мусобиқот Тоҷикистон бо 7 варзишгари худ ширкат кард ва аммо 6 нафар паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти муқаддамотӣ шикаст хӯрданд ва аз идомаи сабқат маҳрум шуданд.

Подробнее ...

Иқдоми Муҳаммаддўст Ба ифтихори зодрўзи Раҳмону Путин дар Владимир шоҳмот мебозанд

Тавре дар шумораи гузаштаи рӯзнома хабар дода будем, бо ташаббуси шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммаддӯст Худойқулов дар шаҳри Владимири Россия мусобиқоти кушод оид ба шоҳмот баргузор гардид.
Чӣ чиз боиси он шуд, ки як тоҷик, ва он ҳам дар муҳоҷирати корӣ қарор дораду барои таъмини рӯзгораш дур аз аҳли байт дар кишвари Россия заҳмат мекашад, барои баргузории чунин як мусобиқоти мӯҳташам тасмим бигирад? Ин ва дигар саволҳоро ба ҳамватанамон матраҳ кардем, ва инак мусоҳибаро манзури Шумо мекунем.
Аввалан, тасмими Шуморо таҳсин мегӯем. Чӣ боиси он шуд, ки ба ин иқдом даст задед?
Ташаккур. Аввалан бояд иқрор кунам, ки ҳар нафари мо, ки дар кишвари дигар қарор дорад, бояд фаромӯш накунад, ки ҷилвадиҳанда ва ё худ муаррификунандаи миллати худ аст.
Аввалин бор, ки вориди клуби шоҳмоту шашкаи шаҳри Владимир шудам, ва гуфтам, ки тоҷикам ва мехоҳам аъзои ин клуб бошам, ҳама бо тамасхур ба ман нигаристанд. Сахтам расид, дардам кард, ки моро эътироф кардан намехоҳанд. Гуфтам, биёед ман як бозӣ гузаронам ва дар дасти аввал 6 нафарашонро, ки паиҳам довталабона ба паси тахтаи шоҳмот менишастанд, бурдам. Авзои ҳамаашон дигар шуду маро ба аъзогии ин клуб пазируфтанд.
Клуби шоҳмот хеле калон аст, аъзои зиёд дорад дар Владимир?
Бале, дар ин клуб чанд бахш ё сексияҳо амал мекунанд, ки вобаста ба синну сол ҷудо карда шудаанд. Беш аз 100 нафар дар ин ҷо маҳорати худро сайқал медиҳанд.
Миёнашон муҳоҷирин ҳастанд?
Бале, ҳастанд. Пеш аз оне, ки ман шомили ин клуб шудам, дар он мардумони қирғизу қазоқ, намояндагони дигар халкҳо ва ҳатто бародарони ӯзбекистонӣ шомил буданд, ва аммо ягон тоҷик набуд. Шояд барои онҳо аз ҳамин ҷиҳат ғайриинтизор буд, ки тоҷик ҳам метавонад шоҳмот бозӣ кунад ва ҳатто ба қавли мо тоҷикон “дар дасти аввал” онҳоро мағлуб созад.
Пасон чӣ гуна шуморо пазируфтанд?
Медонед, бозии шоҳмот, бозие аст, ки танҳо мағзи сари инсон дар он ширкат мекунад. Ин бозӣ бозгӯкунандаи дараҷаи шуурнокиву доноии ақлонии бозингар ва дар маҷмӯъ миллате аст, ки шоҳмотбоз аз он муаррифӣ мекунад. Вақте диданд, ки хуб бозӣ мекунам, фавран маро ба узвияти клуб пазируфтанд. Баъдан, вақте дар чанд мусобиқоти шаҳрӣ ғолиб омадам, узви Федератсияи шоҳмот ва шашкаи шаҳри Владимир шудам.
Дирӯз ба ман хушхабар расид, ки боиси шодмонии ман аст ва имрӯз ин шодмониро бо шумо тақсим мекунам. Ҳуҷҷатҳои ман, ки барои пазируфтан ҳамчун Узви фахрии Федератсиюни шоҳмот ва шашкаи вилояти Владимир пешниҳод шуда буд, хуб пазируфта шудааст ва рӯзҳои наздик ин ҳуҷҷатро хоҳам гирифт. Чаро ман инро ин ҷо нақл кардам? Барои он ки ин дастоварди на танҳо ман аст, балки дастоварди тамоми миллат аст, ки як тоҷик дар хориҷ ба узвияти Федератсия пазируфта шудааст ва агар бо ин кор тавониста бошам, ки номи миллати тоҷикро каме муаррифӣ карда бошам, пас хурсандам.
Биёем сари мусобиқоти шоҳмот. Ин тасмим ё идеяи баргузории чунин мусобиқот аз куҷо пайдо шуд?
Мо тоҷикон як матал (мақол) дорем. Бо як гул баҳор намешавад. Аз оне, ки як тоҷик узви клуби шоҳмот шуд, дастовард дорад, ғолибиятҳо дорад, ин ҳам ифтихори миллат аст, ва аммо дар дараҷаи нисбатан поёнтар, чунки аз ин дастовард хеле кам касон медонанд. Аммо, вақте як тоҷик тасмим мегирад, ки як чорабинӣ дар кишвари дигар ташкил намояд, намояндагони қавму миллатҳои дигарро барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон ба мубориза мехонад, онро шаҳрдорон эътироф мекунанд, дар телевизиону радио мегӯянду менависанд, ана он вақт ин дастовард номи миллатро боло мебарад ва пеш аз ҳама дар миёни мардуми таҳҷоӣ он тафаккури шахшударо, ки тоҷикон танҳо муздурӣ метавонанд, мешиканад. Ростӣ гап, соли гузашта вақте як ҳамкорамон гуфт, ки Владимир Путин зодрӯзашро дар Душанбе бо Эмомали Раҳмон якҷо мегузаронад, ба фикрам яке ин идея омад. Дарҳол фардо бо роҳбарияти клуб ва федератсия маслиҳат кардем ва гуфтам, ки тамоми хароҷотро худам ба душ мегирам, бояд бахшида ба зодрӯзи 2 президент мусобиқоти кушод оид ба шоҳмот ташкил кунем.
Раиси Федератсияи шоҳмот ва шашкаи Владимир Роман Александров ва муовинаш Рафик Мелиев маро дастгирӣ карданд.
Ин ду нафар, яъне президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ва Владимир Путин хизматҳои арзандае барои мардумашон кардаанд. Эмомали Раҳмон тинҷиву осудагиро пойдор кард, ва Путин бошад Россияро ба як кишвари абарқудрат табдил дода, мавқеи ҷаҳонии онро баргардонд. Ва бубинед, ки зодрӯзи ҳардуяшон қариб дар як рӯз афтодааст. Месазад, ки ба номи ин ҳарду чандин мусобиқоту чорабиниҳои бузург доир намуд.
Мусобиқаро гузаронидем, соли аввал буд, иштирокчиён камтар омаданад, аммо аввали кор буд, бе камбудӣ намешуд.
Имсол тайёриро аз аввали моҳи сентябр оғоз кардем. Ба сафорати Тоҷикистон, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Россия муроҷиат кардем, то ин ҷорабинӣ ба як сатҳи балантар барояд. Хушбахтона, идеяи моро дастгирӣ карданд ва кӯмакашонро расониданд. Беҳад миннатдорам аз Саид Боев ва роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Владимир Зоиршо Давлатшоев, ки дар ин чорабинӣ иштирок карданд.
Ба фикри шумо мусобиқоти имсола аз мусобиқоти пешин чӣ бартарӣ дошт?
Пеш аз ҳама бояд қайд кунам, ки соли гузашта барои баргузории чорабинӣ мо як кафе ё тарабхонаро киро карда будем. Маҳз баъди ин ин кафе ба «шоҳмот-кафе» табдил ёфт, ки дар ягон шаҳри дунё чунин кафе нест. Ин аллакай як дастовард аст, ки тоҷикон ба ин кор сабаб шуданд. Дуввум, соли гузашта ман як худам дар мусобиқот аз Тоҷикистон намояндагӣ карда будам, ин навбат дар ин мусобиқот аллакай 9 нафар тоҷикон иштирок карданд, ва сеюм назари масъулин нисбати мо тоҷикон тағйир ёфт ва дар ин мусобиқот аз номи шаҳрдорӣ Виктор Купанов иштирок карда, аз тоҷикон миннатдорӣ кард. Ҳарчанд дар мусобиқот тоҷикон ғолиб наомада бошанд ҳам, аммо иштироки 9 нафар тоҷикон дар мусобиқот ва ҷалби беш аз 20 нафари дигар ба клуби шоҳмот ва шашка фикр мекунам, бояд бартарӣ бошад.
Феълан, ғолибон киҳо буданд ва оё рост аст, ки шумо автомобили худро ҳамчун тӯҳфаи асосӣ дар ин мусобиқот гузошта будед?
Аввалан, ки ман як марди оддӣ ҳастам ва мошини ман тамғаи воҳима набошад ҳам, Газ -3110 аст, арзишаш аз 2 ҳазор доллар мегузарад. Дуюм, ки ман барои ватанамро муаррифӣ кардан ҳама корро мекунам. Тамоми коре, ки барои дигар кардани қолаби шахшуда дар бораи тоҷикон зарур аст, мекунам.
Барои иштирок дар ин мусобиқот 30 нафар довталабӣ карданд, ки мо интизор надоштем. Ин се маротиба зиёдтар аз соли гузашта аст.
Дар даври аввал 10 нафар беҳтаринҳо дониста шуданд ва ба даври дуввум роҳ ёфтанд, ки миёнашон 2 тоҷик низ буданд. Дар бозиҳои ниҳоӣ афсӯс, ки намояндагони Тоҷикистон шикаст хӯрданд. Ҷоми Тоҷикистон оид ба шоҳмот имсол насиби Алӣ Шарявутдинов гардид, ҷои дуюм насиби Антон Максимов ва Михаил Терентев ғолиби ҷои сеюм шинохта шуданд. Хеле хотирмон буд, он лаҳзае, ки Ҷоми Тоҷикистонро Саид Боев, масъули намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба ғолиб супорид.
Бигӯед меҳри бозии шоҳмот дар Шумо аз куҷо пайдо шудааст? Оё ягон мактаби касбиро гузаштаед?
Не, ман солҳои пеш дар соҳаи савдо кор мекардам. Шоҳмотбозиро дар мактаб шурӯъ кардам, дар маҳфили шоҳмоти мактаб аъзо будам. Як маротиба дар мусобиқти ноҳиявӣ иштирок карда будам. Ягон маълумоти махсуси варзишӣ ҳам надорам. Танҳо ин бозиро дӯст медораму бас!
Дар Владимир ба чӣ кор машғулед, оё маблағи баргузории чорабинӣ бароятон вазнинӣ накард?
Дар Владимир сохтмончиям, мисли дигарон дар сохтмон кор мекунам, маоши зиёде ҳам надора, аммо вақт меёбаму ба варзиши фикрӣ машғул мешавам. Мо, ки ба ин кишвар омадем, бояд одамвор зиндагӣ кунем, дар чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ иштирок кунем, худамонро нишон диҳем.

Мебахшед барои чунин савол, аммо шумо хеле хеб ба тоҷикӣ сухан меронед...

Рости гап, ман тоҷикистониям, зодаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлонам, танҳо рӯзнома мехонам, китобҳои зиёд мехонам, одам то он замоне, ки барои рушди худаш талош мекунад, зинда аст. Агар аз рушд боз монду барои он талош накард, бидонед, ки мисли дарахти хушкшуда аст.
Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ.
Ба Владимир, ки омадед, ҳатман чои моро нанӯшида наравед!

Подробнее ...

Дилшод Назаров номи Қаҳрамони Осиёро бори сеюм ҳифз кард

Гурзандози шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров, ки ҳамчунин маснади муовинии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро ба дӯш дорад, бори дигар унвони Қаҳрамони Бозиҳои Осиёро ҳифз кард.
Ёдовар мешавем, ки бори сеюм аст, ки Дилшод Назаров касеро аз варзишгарони Осиё намегузорад ба ӯ баробар шаванд ва мутлақан ин унвонро соҳибӣ кардааст.
Ҳамчунин ин медали тиллои варзишгари тоҷик аввалин медали ҳайати Тоҷикистон дар бозиҳои имсолаи Осиё, ки феълан дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ идома дорад, мебошад. Ғалабаи Дилшод Назаров бегоҳии ҷумъаи 27 -уми сентябр бо дастоварди андохтани гурз ба масофаи 76 метру 82 см ба вуқӯъ пайваста пайки шодмониро дар ситоди ҳайти Тоҷикистон ва умуман дар фазои кишвар танинандоз кард.
Ҳайати гурзандозони тоҷик дар ин бозиҳо 12 нафарро дар ҳайати 150 нафараи Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки аввалин нишонро ба даст оварданд. Умуман ба Бозиҳои XVII-уми Осиё Тоҷикистон 91 варзишгар фиристодааст.

Подробнее ...
Подписаться на этот канал RSS