19 Января 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.
tajinfo

tajinfo

На Халяль Экспо в Москве расскажут, как получить халяль сертификат на экспорт в Эмираты

 

17 ноября в Москве в КВЦ «Сокольники» пройдет семинар на тему «Халяль сертификация на экспорт в ОАЭ, страны Персидского залива и Ближнего Востока». Семинар пройдет в рамках 8-й международной Выставки Moscow Halal Expo 2017.

Ключевым спикером семинара выступит д-р Хамед Джамал, руководитель крупнейшей международной организации RACS, аккредитованной на сертификацию халяль в ОАЭ и страны Персидского Залива.

Компания RACS стала первой, кто получил аккредитацию на право выдачи сертификатов от имени ESMA (Управление стандартизации и сертификации Эмиратов) после того, как контроль по вопросам ввоза продукции халяль был передан данному управлению от Министерства окружающей среды и водных ресурсов. На сегодняшний день экспертами RACS сертифицировано большее число компаний-производителей, экспортирующих продукцию в Эмираты.

На семинаре эксперты расскажут об основных требованиях стандартов халяль ОАЭ и стран Залива для производителей и предприятий в сфере переработки мяса, мяса птицы и других продуктов питания и производителей косметики, а также рассмотрят ключевые причины приостановления и отзыва сертификатов Халяль.

Вопрос экспорта халяль продукции из России в Объединенные Арабские Эмираты и другие страны Персидского Залива появился на повестке дня пару лет назад и сегодня получил особую актуальность ввиду того, что страна ужесточила требования к халяль-производителям - импортерам. На сегодняшний день пока ни одно российское предприятие, осуществляющее производство мяса и мяса птицы, не получило одобрение на экспорт в страну, несмотря на заявления ряда российских органов халяль-сертификации.

Посмотреть программу семинара и пройти регистрацию можно на сайте: https://www.mhe.su/halal-exhibition-programm/halal-forum

Пресс-служба Moscow Halal Expo Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

+7(499)110-50-72

Ибодулло Машраб стал лауреатом Межгосударственной премии «Звезды Содружества»

Совет по присуждению Межгосударственной премии «Звезды Содружества» объявил лауреатов главной гуманитарной премии СНГ за 2016 год. На соискание высокой награды претендовали 12 номинантов из 8 стран. Решением жюри премии также присужден народному артисту республики Таджикистан Ибодулло Машраб.

МАШРАБ Ибодулло Рахмон работал в Таджикском государственном молодежном театре им. М.Вахидова, Кукольном театре г. Душанбе, Государственном русском театре драмы им. В.В.Маяковского. Был главным режиссером Таджикского телевидения, директором и главным режиссером Таджикского государственного Академического театра драмы им. А.Лахути.

На сценах театров страны создал ряд образов, которые запомнились зрителям яркостью и импульсивностью характера, среди которых: Хусрав («Хусрав и Ширин» Г.Птицына), Исмоили Сомони («Царь Исмоили Сомони» М.Бахти), Александр Македонский («Последняя ошибка Александра» Б.Абдурахмона). Исполнил роли в художественных фильмах «Сон наяву», «Слёзы и меч», «Шамсиддин Шохин». В золотом фонде Таджикского радио хранятся 30 песен в исполнении Машраба Ибодулло.

Лауреат Государственной премии им. Рудаки. Награжден орденом «Дружба».

Премия «Звезды Содружества» ежегодно присуждается представителям государств СНГ за наиболее значимые успехи в сфере гуманитарной деятельности, соответствующие уровню мировых достижений и способствующие развитию как каждой из стран-участниц СНГ, так и Содружества в целом. Размер премии – 2 млн. рублей.

Торжественная церемония награждения лауреатов состоится в Москве в декабре 2017 года в дни работы Форума творческой и научной интеллигенции государств-участников СЕГ.

ТО ТАБАДДУЛОТ СЕ РӮЗ МОНДА БУД


Мусоҳибаи Шарифи Ҳамдампур бо судяе, ки фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намуд
Қарори Суди Олии ҶТ дар бораи манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти террористӣ -экстремистӣ шинохтани он боиси ҳамоиши ҷонибдорони ин ҳизб дар шаҳрҳои Берлин ва Варшаваи Лаҳистон гардид. Дар ин ҳамоишҳо қонунӣ будани ин қарор зери шубҳа гузошта мешавад. Оё Суди Олии ҶТ барои чунин қарор баровардан асоси ҳуқуқӣ дошт ва ё ин амал дар доираи як иқдоми сиёсӣ сурат гирифт? Барои дарёфти посух ба ин савол ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо як номаи расмӣ ба Суди Олии ҶТ муроҷиат намуд. Азизов Шамс Одинаевич, судяи Суди Олӣ, ки ҳалномаи судиро дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохтани ҲНИТ қабул кардааст, омодагӣ зоҳир намуд, ки ба саволҳои шореҳи «Тоҷикистон» посух гӯяд.
-Муҳтарам Шамс Одинаевич, тибқи қарори Суди Олӣ ҲНИТ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардид. Баъд аз гузашти вақт аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб қонунӣ будани ин қарорро зери шубҳа гузоштанд ва ҳоло созмонҳои байналхалқиро мехоҳанд ба ин хулосаи худ мутмаин созанд. Шояд онҳо барои чунин хулоса баровардан асос доранд ва дар бастани фаъолияти ин ҳизб шитобкорӣ роҳ ёфт?
-Дар ин кор ҳеҷ шитобкорие роҳ наёфтааст. Вобаста ба ҳар масъалаи мавриди баҳс назарҳо гуногун мешаванд, аммо вақте сухан дар бораи тасмимҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ меравад, на ҳар кас ба онҳо баҳои дуруст дода метавонад. Хусусан, дар мавриде, ки таҳлилу баҳогузорӣ хусусияти сиёсӣ, манфиатҷӯёна ва иғвоангезона пайдо мекунад. Исботашро дар баромаду суханрониҳои пайвастае, ки аз минбарҳои гуногун садо медиҳанд, мебинему мешунавем. Ин афкору андешаҳо саропо аз шиору даъватҳои моҷароҷўёна иборат буда, мақсади асосиашон таҳрифи воқеият мебошад. Даъвоҳо пуч, холӣ аз санаду далелҳо, ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд. Ҳол он ки сари баррасии чунин мавзӯъҳо бояд танҳо ба ҷанбаҳои ҳуқуқии масъала такя карда шавад. Дар асоси моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо роҳи зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
ҲНИТ 4-уми декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат таъсис ёфт ва дар ҷумҳурӣ фаъолияташро оғоз кард. Яъне, дар ҳамон давра, гурўҳе бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш муттаҳид шуданд ва ҳизби сиёсӣ ташкил намуданд. Аммо раванди минбаъдаи иқдомоти сиёсии онҳо, дақиқтараш кирдору рафтори роҳбаронашон нишон дод, ки нияташон холисона, пок нест. Баррасии парванда собит сохт, ки онҳо бозичаи дасти дигаронанд ва аз берун идора мешаванд. Фаъолияти ҳизбии худро дар асоси дастуру супоришҳои бегонагон роҳандозӣ мекунанд.
Новобаста ба ин, дар ҳошияи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, тибқи қарори Раёсати Суди Олӣ аз 12 августи соли 1999 фаъолияти ҲНИТ дар ҷумҳурӣ аз нав иҷозат дода шуд ва 28 сентябри соли 1999 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд. Ҳизб мебоист тибқи оинномааш-ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон амал мекард.
— Магар ҲНИТ дар доираи оинномааш фаъолият надошт?
— Албатта не. Сабаби асосии аз ҷониби Суди Олӣ бастани фаъолияти ҲНИТ низ дар ҳамин буд.
— Агар ин воқеият дорад, метавонед чанд далел пеш оред?
Табаддулот— Далелҳо зиёданд, ҳамаи онҳо дар парвандаҳои ҷиноӣ нисбати амалҳои террористию эктремистии аъзои ҲНИТ оварда шудаанд. Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон қарорҳои ниҳоии судӣ қабул карда шуданд. 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ оид ба куштори 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ дар водии Рашт (соли 2010) аз ҷониби аъзои Иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” муайян гардид, ки раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин шахсан ба иттиҳоди террористӣ шомил гардида, ҳангоми дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои гурўҳи мазкур, баҳри омода сохтани воситаҳои тарканда, дастгир шудааст. Бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе ў аз 21 январи соли 2011 барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардид.
Бо далелҳои раднопазир исбот гардид, ки Давлатов Аловуддин фаъолтарин созмондиҳандаи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дар водии Рашт буда, зери роҳбарии мулло Абдулло чандин амали дастҷамъонаи террористиро ба муқобили сохторҳои низомӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ анҷом додааст. Аъмоли ӯ ва ҳаммаслаконаш бо азназаргузаронии ҷои ҳодиса, далелҳои шайъӣ, нишондодҳои ҷабрдидагон ва хулосаҳои ташхисҳои судӣ тасдиқи худро ёфт.
Раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик Елчибекович ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ шомил шуда, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифт, бо истифодаи силоҳи оташфишон — автомати тамғаи “Калашников” ва норинҷак ба намояндагони ҳокимият муқобилияти мусаллаҳона нишон дод. Номбурда барои содир намудани амалҳои ғайриқонуниаш, яъне ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва истифодаи зўроварии ба ҳаёт хавфнок нисбат ба намояндагони ҳокимият ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми Суди Олӣ аз 10 майи соли 2013 ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ бошад, 24 июли соли 2012 ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ безарар гардонида шуда, автомати тамғаи “Калашников” ва таппончаи тамғаи “Макаров”-и ба ў тааллуқдошта мусодира шуданд. Иштироки фаъолонаи С. Мамадризоев дар амалҳои террористӣ ҳамчунон бо нишондоди шоҳидон, наворҳои видеоӣ ва дигар далелҳои эътимоднок дар парвандаи ҷиноӣ тасдиқи худро ёфтаанд.
Аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхўҷа, Шарипов Муссаямхўҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 аъзои Ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфаттоҳ ва Бобоев Абдухолиқро, ки барои содир намудани куштори афсари милитсия ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, дар манзили истиқоматии худ пинҳон карда, худашон низ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуда буданд. 6 ноябри соли 2009 Шариповҳо ва А. Турсунов дастгир гардида, бо ҳукми Суди вилояти Суғд барои содир кардани амалҳои ҷиноятиашон маҳкум карда шуданд.
11-уми августи соли 2015 даҳ нафар сокини шаҳри Норак дар кўпруки деҳаи Чашма-1-и ш.Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии «Давлати исломӣ»-ро овехтанд. Тафтишот муайян намуд, ки аз ин гурўҳ 5 нафарашон, яъне Саидов Д. Фозилов Д. Пиров Қ. Хоҷамуродов Т. ва Ҷ. Абдуллоев аъзои ҲНИТ буда, ин амалҳоро барои барангехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ содир кардаанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон роҳбари ҲНИТ дар шаҳри Норак алоқаи бевосита дошт. Номбурдагон бо ҳукми Суди вилояти Хатлон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
— Шумо ҷиноят ва ҷинояткоронеро зикр намудед, ки фаъолияти онҳо метавонад ба ҲНИТ иртиботе надошта бошад.
— Рафти баррасии парванда собит намуд, ки аз ин роҳбарияти ҲНИТ на танҳо огоҳ буд, балки онро раҳномоӣ мекард. Агар чунин нест, пас чаро амали онҳоро маҳкум накард? Ман метавонам аз ин бештарро гӯям.
-Аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ, дигар аъзои Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳамдастӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин ва ҷавонони фиребхӯрда зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ҳар кадомаш иборат аз 15-30 нафар буданд, таъсис дода шуд. Ин гурўҳҳо тибқи нақшаи тарҳрезишуда вазифадор гардида буданд, ки ба иншооти махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд. Ҳангоми баррасии ин парвандаи ҷиноӣ нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурўҳҳои ҷинояткор ба иншоотҳои махсусан муҳими давлатӣ, аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович ва Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Борбад 1 дарёфт шуданд. Тибқи нақшаи мазкур, бояд як гурўҳи 40 — нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри миллат, як гурўҳи 25 — нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурўҳи 30 — нафара аз се тарафи бинои Вазорати корҳои дохилӣ, як гурўҳи 25 — нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гурўҳи 40 — нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медоданд. Ин магар наметавонад асос барои бастани фаъолияти ҲНИТ гардад?
-Кабирӣ зимни суханрониаш дар нишаст дар Варшава сабти садоеро пахш кард, ки ба собиқ ҷонишини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулазиз Ҷалов тааллуқ дошт. Айнан хабари сомонаи “Payom net”- ро, ки тааллуқ ба ҳизби мамнуъ-ҲНИТ дорад, меорам: “Дар ин сабт, ки байни Абдуқаҳҳори Давлат, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Абдулазиз Ҷалов сурат гирифтааст, Абдуқаҳҳори Давлат аз муовини раиси КДАМ мепурсад, оё ӯ ба ин ки ҲНИТ дар кудато (табадуллот ред.) даст дорад бовар мекунад? Муовини Ятимов дар ҷавоб мегӯяд, ки ӯ чун як шаҳрванд посух мегӯяд, ки ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”.
Ин суханро як шахси одӣ не, соҳибмансаби рутбаи баланд мегӯяд. Шояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар овардани далелҳо ба сохтакорие роҳ доданд?
— Аз як ҷониб нишондоди Ҷалов наметавонад асос барои баровардани ҳукми суд гардад. Вале чун наҳзатиҳо ба ин сабт таваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб кардан мехоҳанд, мехостам ба он каме равшанӣ андозам. Бубинед, ки онҳо ҳатто муҳтавои сабтро низ таҳриф намуда мехоҳанд ба хостаҳои худ мувофиқ гардонанд. А. Ҷалов дар ҳеҷ куҷо нагуфтааст, ки “ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Балки дар посух ба саволи Абдуқаҳҳори Давлат айнан чунин ҷавоб медиҳад: “ҳамчун муовини Раиси КДАМ ҶТ наметавонам посух гӯям, ман ҳоло баробари шумо шаҳрвандам ва ҳамчун шаҳрванд мегӯям, ки “намедонам”” (https://www.youtube.com/watch?v=2NZE_NwGulU). Байни “намедонам” ва “ҲНИТ дар табаддулот даст надорад” тафовут аз замин то осмон аст. Ҳарчанд худи А.Ҷалов низ, ҳамчун собиқ корманди мақомоти амният ва собиқ муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ҳуқуқи додани чунин ҷавобро надошт. Ҷалов худаш дар мурофиаи судӣ иштирок намуда буд ва ҳалномаи судӣ баъди аз кор рафтани ӯ, пас аз чанд моҳ, қабул шуда буд. Илова бар ин, худи ӯ аз ҷониби Назарзода А. гаравгон гирифта шуда буд. Пас чи гуна ӯ “намедонистааст”. Ба чунин ҳодисаҳо аз ҳама ҷиҳат: сиёсӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра танҳо қонун баҳо медиҳад. Дар хулосаҳои судя ҳатто санаду нишондоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ наметавонад ягон нақше дошта бошад. Такяи мо дар додани баҳои ҳуқуқӣ танҳо ба далелҳост. Қонунгузори дақиқан муайян кардааст, ки “Далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ маълумоти воқеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онҳо суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо тартиби муайяннамудаи КМҶ ҶТ мавҷуд будан ё набудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани ҳолатро оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва ҳолати дигари барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд (моддаи 72 КМҶ ҶТ)». Мана чист далел? Боз чӣ гуна далелу исбот лозим.
Асосҳо барои шинохтани ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ бешуморанд. Такрор ба такрор “Шумо далел надоред”- гуфтани Кабирӣ ҳарфҳоест, ки дар мағзаш дигарон ҷой кардаанд. Ба ӯ ва пуштибонони хориҷиаш боз чӣ далел лозим аст? Мисоли мустақими дигаре меорам: дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ доир ба ҳодисаҳои 4-уми сентябри соли 2015, тавассути сабтҳои аудио-видеоӣ ва нишондодҳои шоҳидон исбот карда шуд, ки 1-уми сентябри соли 2015 писари Кабирӣ Тиллозода Руҳулло Муҳиддин, ронандаи Кабирӣ Сайфов Ҳикматулло Тешаевич шавҳари хоҳари ҳамсари М.Кабириро ба хонаи худашон, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Хайрулло Мирзоев, гузаргоҳи 3-юм, хонаи 69 даъват намуда, супориши падарашро мерасонад, ки ба бинои ҶСП “Бинокорсервис” (ширкати худи М.Кабирӣ) рафта, ба шаҳрвандон Нарзуллоев Ҷамшед Исматуллоевич, зодаи ноҳияи Файзобод, писари аммаи М.Кабирӣ, директори ҶСП “Бинокорсервис” ва Раҳматуллоев Маҳмадалӣ Тешаевич, бародари ҳамсари М.Кабирӣ, сардори шуъбаи кадрҳои ширкати номбурда расонад, тамоми маблағҳои дар ихтиёрашон қарордоштаро ҷамъоварӣ намоянд. 2-юми сентябри соли 2015, худи Р.М. Тиллозода бо ҳамроҳии Сайфов Ҳ.Т. ба ҶСП “Бинокорсервис” меравад. Маблағи 400 ҳазор доллари ИМА ва 200 ҳазор сомониро аз Ҷ.И. Нарзуллоев ва М.Т. Раҳматуллоев гирифта, дар шоҳидии се нафар сейфи ба худаш тааллуқдоштаро кушода, маблағи 1 миллиону 180 ҳазор сомониро аз он ҷо берун меорад. Сипас, ба Назарзода А.М. занг зада мегӯяд, ки тибқи дастури падараш маблағи баробар ба 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА-ро ҷамъоварӣ намудааст ва бояд ба ӯ диҳад. Баъди гуфтугӯи телефонӣ, Р.М. Тиллозода ва Ҳ.Т. Сайфов бо автомашинаи тамғаи “Тойота Королла”, рақами давлатиаш 7288 СА01, маблағи зикршударо ба хонаи А.М. Назарзода бурда, ба ӯ медиҳанд.
Маҳз баъди гирифтани маблағи мазкур, шаби 3 ба 4-уми сентябри соли 2015 дастаи ҷинояткори А.М. Назарзода тибқи нақшаи ҷиноятии таҳияшуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, кӯшиши табаддулоти давлатӣ заданд.
Акнун худатон қазоват кунед. Магар аз ин далели муътамадтар пайдо кардан мумкин аст? Барои давлатҳое, ки ҷон канда ҲНИТ-ро ҷонибдорӣ мекунанд, боз кадом далелҳо лозиманд? Хусусан, барои кишваре мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хадамоти махсуси он, ки дастдориашон дар ташкилу анчом додани чандин амалҳои террористӣ аз ҷониби ҲНИТ тасдиқи қонунии худро ёфт.
А.М. Назарзода бо гурўҳи ҳаммаслакони ҷиноятии худ, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17651 ғайриқонунӣ ворид шуда, аз иншоотҳои зикршуда силоҳҳои оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимотҳои ҷангиро барои мусаллаҳ гардонидани аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ тасарруф намуданд. Муовини вазири мудофиа ва командири қисми ҳарбии № 08050-и вазоратро гаравгон гирифтанд. Зиёда аз 150 нафар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятиро дар маҳаллаи собиқ “Хлебзавод” бо силоҳҳои оташфишони автомати тамғаи АК, пулемёт, гранатомёт, автомати тамғаи СВД ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ гардониданд.Ҳамзамон, ғайриқонунӣ ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиа ворид гашта, бо роҳи зӯроварӣ 180 адад силоҳи оташфишони АК, 9 адад гранатомёт, 5 адад СВД ва 8 адад силоҳи оташфишони РПК-ро гирифтанд.
Баъдан, аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ, таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон машғул буданд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рўдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро амалӣ намуданд. Дар натиҷа, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Д.Х. Саъдуллоев, Р.Х. Орипов, Д.Г. Буриев, А. Ҷобиров, И. Пиров, Н.А. Каримов, Ш.М. Шарипов, Д.Г. Ёров, М.Ш. Ҳасанов ва М.С. Саидов (10 нафар) ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Дар маҷмӯъ, дар ин амалиёте, ки аз ҷониби назарзода сурат гирифт, қариб 50 нафар нобуд гашт. Ин ҷо ҳама талафоти ҷонӣ, фарзандони мардуми тоҷик ҳастанд.
—Шумо парвандаҳои ҷиноиро зикр кардед, ки замина барои парвандаи шаҳрвандӣ — манъи фаъолияти ҲНИТ фароҳам оварданд. Ҳастанд далелҳои мушаххас, ки шаҳодат аз тасмими табаддулоти давлатӣ медиҳанд?
— Магар мисоли дар боло овардаам шаҳодат аз ин намедиҳад? Мисоли мустақими дигар меорам: ҳангоми кофтукови утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 варақаи ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстримистӣ ва террористӣ, табадуллоти давлатӣ доштанд, мусодира гашт. Матни яке аз онҳо чунин буд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шуълаҳои ҷонбахши Худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшанд. Се-чор рӯзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, ба мо бипайвандед. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғӯшта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. Иншооллоҳ пирӯзӣ бо мост…”
Санадҳои дигаре, ки ҳокӣ аз амали ғайриқонунии ҲНИТ аст, зиёд мебошанд. Ҳатто мисоли одитарин хилофи қонун дар бораи танзим, ки нақши бузург дар ҳаёти иҷтимоии кишвари мо дорад, амал карда, дар масҷидҳо хӯрок додан, таблиғоти зидди давлатӣ бурдан. Вазорати адлия борҳо дар ин хусус ҲНИТ-ро огоҳ кардааст. Аммо чуни ҳадафҳо дигар буданд, эътибор намедоданд, худро нодида мегирифтанд, афкори ҷомиаро алайҳи давлат сафарбар менамуданд, кўшиш ба харҷ медоданд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ барҳам зананд.
— Агар шумо чунин далелҳо доред, ҳамаи онҳо дар парвандаҳо сабт шуда бошанд, сабаб чист, ки қарори Суди Олӣ дар бораи ҳизби террористӣ – экстремистӣ шинохтани ҲНИТ аз ҷониби дигар кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ эътироф нагардид?
— Чӣ хел эътироф нагардид? Баъд аз қабули ҳалномаи Суди Олӣ (29 сентябри соли 2015 ред. ), дар таърихи 29-уми январи соли 2016 Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай, дар мувофиқат бо Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, ҲНИТ-ро таҳти рақами 79 ба рўйхати ташкилотҳои террористӣ ворид намуд. Яъне, 8 кишвари бузурги ҷаҳон бо қаламрави умумии 3,4 млн. км2 ва беш аз 4,4 млрд. аҳолӣ, ташкилоти террористӣ будани ҲНИТ-ро эътироф карданд.
8-уми июни соли 2016 ҷаласаи Кумитаи котибони Шўроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар шаҳри Ереван баргузор гардид, рўйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, мувофиқа намуда, ҲНИТ-ро дар қатори чунин созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ» ва ғайра, таҳти №65 ба он ворид намуд.
Ҳамчунин, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ба махзани муштараки иттилоот дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккил дохил кард.
— Боз ҳам созмон ва кишварҳое ҳастанд, ки онро эътироф намекунанд.
— Аз лиҳози талаботи моддаи 1-и Декларатсия «Дар бораи андешидани чораҳо оид ба барҳам додани терроризми байналмилалӣ», ки бо Қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ №49/60 аз 9-уми декабри соли 1994 қабул карда шудааст, моддаи 5-уми Конвенсияи Шўрои Аврупо «Дар бораи пешгирии терроризм» аз 16 майи соли 2005, қонунҳои қариб ҳамаи кишварҳои Аврупо дар мубориза бар муқобили терроризм ва эктремизм ҳаракатҳо ва амали ҲНИТ мутобиқ ба он аст, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ- экстремистӣ шинохта шавад. Аммо баъзе кишварҳо ва созмонҳо аз рӯи масали як бому ду ҳаво муносибат мекунанд. Ман сиёсатмадор нестам, вале як нуктаро мехоҳам зикр кунам: бозиҳои геополитикӣ, ҳимояи манфиатҳо аз ҷониби аксари ин кишварҳо муносибатҳои духўраро ба миён овардааст. Агар чунин ҷинояте ҳамсони амалкардҳои наҳзатиҳо дар кишварҳои аврупоӣ содир гардад, ҳамоно бо вокуниши сахти мақомоти салоҳиятдор рў ба рў мегардад ва ҷазои сахттарин нисбат ба унсурҳои ҷинояткор татбиқ мешавад. Аммо тавре мебинем, дар доираи манфиатҳои худ ин кишварҳо ҳатто аз дастгирию пуштибонии омилони террористӣ рўй намегардонанд. Маҳз муносиботи духӯра бо терроризм мардуми Афғонистон, Сурия, Ироқро бо мудҳиштарин бадбахтиҳо гирифтор кардааст. Дар ин ҷо бо тақдири халқҳо бозӣ мекунанд.
Филми ҳуҷҷатии Вазорати корҳои дохилиро ба хотир оред. Дар он ҷо факту далелҳои раднопазир оид ба даст доштани хадамоти махсуси кишвари хориҷӣ дар амалҳои террористии аз тарафи аъзоёни ҲНИТ анҷомёфта намоиш дода шуданд. Лекин чун муносибатҳо тавре дар боло зикр шуд, дугона ҳастанд ва онҳо манфиатҳои худро аз муносибатҳои судманди муштарак болотар мегузоранд, ҳозир нестанд гуноҳи кардаашонро бипазиранд ва роҳҳои нави беҳбудии робитаҳоро ҷустуҷӯ кунанд. Айнан чунин ҳолатро мо дар ҳамоишҳое мебинем, ки бо иштироки ҲНИТ дар кишварҳои аврупоӣ баргузор мегарданд.
— Аслан нишасти онҳо ҷои нигаронӣ нест. Омаданду нишастанду гуфтанду рафтанд. Бюроҳои алоҳида низ ҳанӯз САҲА нестанд, онҳо танҳо минбар медиҳанд. Бигзор муроҷиаткунанда ҳатто муҳоҷири меҳнатӣ бошад. Минбар додан ҳанӯз маънии эътироф карданро надорад.
Мехостам дар як масъалаи дигар назаратонро фаҳмам. Шумо дар оғози суҳбат изҳор кардед, ки қарори Суди Олӣ бар манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон аст. Аммо ақидаи дигаре низ вуҷуд дорад. Мегӯянд, ки ҲНИТ бояд баста намешуд.
— Ин ҳаводорони ҲНИТ бояд бо парвандаҳои ҷиноӣ шинос шаванд. Онҳо бо думи мор бозӣ доранд, вале ҳанӯз заҳри неши морро начашидаанд. Инро ман ҳамчун судяе мегӯям, ки парвандаи ҲНИТ- ро баррасӣ кардааст. Будани ҲНИТ фоҷиа барои миллат ва давлати тоҷикон аст.
— Мегӯянд, ки шумо таҳти фишор чунин қарор баровардед.
— Магар далелҳое, ки ман дар боло зикр кардам шаҳодат аз қарори зери фишор медиҳанд? Бо ин далелҳо ва боз даҳҳо далели дигар ҲНИТ-ро агар сад бор ҳам бандед, кам аст.
— Бисёриҳо аз гуфтани ҳақиқат метарсанд, аммо шумо боҷуръатона сухан мегуед.
— Вақте ки далел ҳаст, куҷо ҷои тарс аст. Санаде, ки мо қабул кардем, ба ҳукми қонун даромад. Агар нодуруст аст, чаро эътироз намекунанд. Созмонҳои байналхалқӣ ҳам ба мо муроҷиат карданд, мо посух додем ва онҳо лаб ба хомӯшӣ бастанд.
— Шояд як камбудӣ он буд, ки мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифт?
— Мурофиа озод, паси дарҳои боз сурат гирифт. Дар он беш аз 70 рӯзноманигор иштирок доштанд. Ҷои таасуф аст, ки на ҳама рӯзноманигорон воқеиятро объективона рӯи қалам оварданд. Имрӯз ҳам ин талошҳо ҷой доранд. Ҳама иқдомоти террористони наҳзатӣ ва пуштибононашон тавассути паҳн намудани иттилооти муғризона ва бардурўғ ба ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон, паст задани нуфузи давлатдории миллии мо нигаронида шудааст.

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад

Бознашр аз ҳафтаномаи
“Тоҷикистон”, 27.09.2017

Люблино:1- Кӣ сохту кӣ тохт?

 

Ҳодисаҳои Маркази савдои «Москва», воқеъ дар минтақаи Люблинои Москва, ки рӯзҳои 20 – 21-уми сентябр шуда гузашту оқибатҳои он то ҳол таъсири худро дорад, то кадом андоза осебпазир будани муҳоҷирони тоҷик дар Русияромуайян намуд. Мурод аз навиштаи мо гунаҳгор кардани нафаре (барои ин мақомоти салоҳиятдор мавҷуданд) нест. Балки мақсадамонҳушдор додани ҳар нафаре, ки худ муҳоҷири тоҷик аст, ё бо муҳоҷирони кишвари мо алоқамандие дорад.

Ҳанӯз соли 2014 дар навиштае таҳти унвони «Митинги муҳоҷирони тоҷик. Мешавад, ё не?» аз зуҳуроти чунин амалу оқибатҳои он ҳушдор дода будам. Вақт нишон дод, ки то ин фурсат чизе тағйир наёфтааст, баръакс, муҳоҷирони мо аз он ҳодисаҳо ибрате нагирифта будаанд. Умедворам, навиштаи ин навбатинаи ман аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Соли 2014 ҳангоми баррасии ин ҳодисаҳо дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣноми Каромат Шарипов – роҳбари Иттифоқи касабаи муҳоҷирони СДММ (СНГ) дар сархати хабарҳо ҷой гирифт. Мо бо Каромат Шарипов вохӯрда, хостем муайян намоем, ки ин навбат номбурда чӣ нақше бозидаанд. Инак фишӯрдаи суҳбати мо:

   -Каромат Бақоевич, ходисаҳои назди бозори Люблиноро, аниқтараш – Маркази савдои «Москва», ки дар ҳамон ҷой ин бозор ҷойгир асту барои осон шуданаш «бозори Люблино» мегӯянд, таҳқиқ намуда истодаем. Қисми зиёди мардум аз ин ҳодиса тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, асосан Фейсбук, дарак ёфтанд. Аввалин маротиба дар Фейсбук мавод, ё худ пости Иззат Амон буд ва бо иҷозати Шумо онро мехонам:

"SOS SOS SOS

Чанд лаҳза қабл ба мо хабар расид, ки кормандони бехатарии бозори Люблино муҳоҷири тоҷикро лату кӯб кардаанд. Ёрии таъҷилӣ омада муҳоҷири дар набзи ҷон қарор доштаро гирифта ба самти номаълум бурда аст.

Гурӯҳи зиёди муҳоҷирон, коргарони бозори Люблино ҷамъ омада, дар даст яроқу аслиҳа мехоҳанд бо кормандони бозор ҷанг кунанд.

Аз дӯстон хоҳиш, агар касе шумораи Ҳоҷи Самад, калони бозорро медонад ин ҷо бикорад то мо бо у тамос гирем. Танҳо у метавонад монеъи хунрезӣ гардад.

Хеле хоҳиш!!!

Дӯстон лутфан навиштаро ба сафаҳоятон бикоред. Бо сипос."

Шумо инро хонда будед албатта?

-…

- Баъд бо Иззат тамос гирифтед?

-Баъдтар.

- Аслан Шумо аз ҳодисаҳои Люблино аз куҷо хабар ёфтед?

- Тахминан соатҳои 16-17 (20 сентябр), аввалин шахсе, ки ба ман занг зад ин Назаров буд.

- Биёед сари маводи Иззат Амон дар “Фейсбук” биёем, чунки қисми зиёд аз ҳамон ҷой фаҳмиданд.

- Ин баъдтар буд.

- Баъди пайдо шудан Шумо ин маводро хондед?

- Баъд, рӯзи 21-ум. Ҳодиса рӯзи 20-ум рух дода буду аввалин нафаре, ки ба ман хабар дод, ин корманди сафорат буд.

- Маводи дуввуми Иззат Амон:

"Қолу инна лиллаҳи ва инна илайҳи роҷиун.

Барои писарбачаи аробакаше, ки аз дасти золимони бозори Люблино кушта шуд, дуо кунед.

Ҳамин ҳоло хабар расид, ки ҷон ба ҷонофарин супоридааст.

Аз ҳама ҷавонмардони тоҷик даъват мекунам, фардо соати 12 дар бозори Люблино ҷамъ оянд.

Хунро бо хун мешӯянд.

Илтимос бародарон пахш кунед" .

Ин маводи дувуми Иззат Амон буд, ки худи ҳамон шаб дар Фейсбук пайдо шуду дар асоси ин пост сомонаҳо ахборот пахш карданд. Мо инро муайян кардем. Муҳим ин ҷумла: «фардо соати 12 дар бозори Люблино ҷамъ оянд». Аслан Шумо ин маводро хонда будед?

- Хонда будам.

- Ҳамон бегоҳ?

- Ҳа.

- Бо Иззат Амон тамос гирифтед?

- Дар қисми дуввуми рӯз…

- Дуввуми рӯзи..

- 21-ум.

- Баъди гузаштани ҳамаи инҳодисаҳо тамос гирифтед?

- Бале.

- Як чиро муайян намоем?. Вақте ки, ана бигӯем як намояндаи диспораи тоҷик, ё ки ҳомии ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар Фейсбук, маводе менависаду мардумро ба хун даъват мекунад, Шумо инро нодида гирифта, бо ӯ тамос намегиред?

- Сабаб дошт. Сабаб он, ки 90% навиштаҳои Иззат Амон бардурӯғанд. Ӯ мегуфт, ки дар саҳифааш дигарон менависанд, аз ин хотир лозим нашуморидам.

- Бигзор ки Шумо ба Иззат бовар накардед. Вале сомонаҳо аллакай аз ҳалокати писарбача хабар доданду дар ин ҳолат ҳам Шумо…

- Санаи 21 –ум хабар дар «Азия Плюс бо ишора ба ВКД пайдо шуду ман хондам.

- Мехостам иштироки Шуморо дар ин ҳодиса бифаҳмам.

- Ман дар ин ҳодиса иштирок накардам.

- Шумо дар он ҷой набудед?

- Маро ба бозор умуман намемонанд.

- Дар наздикии бозор ҳам набудед? Назди бачаҳои тоҷик будед?

- Не.

- Аз гуфтаҳои Шумо бармеояд, ки  ҳамчун яке аз фаъолони ҷамъияти тоҷикон чамъшудани бачаҳои тоҷикро нодида гирифтед?

- Бале.

- Чаро?

- Сабаб он аст, ки аз сафорат то бозор мегуфтанд, ки пайдошавии Каромат Шарипов ба кушодани ҷинояти нав бурда мерасонад. Аз таҳлили соли 2014 худ медонед, ки дар бозори «Садовод» чӣ шуда буд.

- Аз ҳамин ҷо савол пайдо мешавад. Аз як тараф, ҳангоми суҳбатҳо мегӯед, ки тарафдорони зиёд доред. Ҳоло бошад, иқрор мешавед, ки баъди суҳбат бо намояндагони сафорат Шуморо нодида мегиранд…

- Ҳамаи ин сабаб дорад. Бояд бигӯям, ки сабаби асосӣ тарс аст. Вақте метарсед бо сафорат ҳамкорӣ мекунеду бо золимони бозор ба созиш меравед.

- Тарс? Танҳо ҳангоми тарс?

- Нисбати аробакаш, нисбати муҳоҷират онҳо тарс доранд. Онхо мехоҳанд адолатро бифаҳманд, онхо мехоҳанд, кӣ будани Каромат Шариповро…

- Метавонам хулоса барорам, ки ором намудани мардум ба манфиати Шумо набуд?

- Чӣ хел фаҳмам?

- Ҳозир худ иқрор шудед, ки он ҷой набудаед, мардумро ором накардаед

- Охир ин бозор аст, қариб 3,5 ҳазор аробакаш дорад…

- Гап сари тазоҳурот меравад, вақте мардум ҷамъ шуданд.

- Мардум аз худи бозор буд.

- Бисёре расонаҳо иттилоъ доданд, ки мардум натанҳо аз бозор буданд. Шахсан ман бо чанд нафар суҳбат намуда фаҳмидам, ки аз дигар шаҳрҳо низ бачаҳо омадаанд.

- Мумкин наздикони бачаҳои бозор омада бошанд, вале онҳо аз як-ду фоиз зиёд набуданд.

- Саволи дигар. Дар мавриди фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар бозорҳои Москва бигӯем, на танҳо Шумо, балки коршиносони зиёд дар он ақидаанд, ки усули корбарии онҳо аз бозори Черкиз мерос мондаасту он аз ҷониби иддае то ҳол самаранок истифода мешавад. Бояд розӣ шавед,ки сардорони тоҷикҳо дар ин бозор - «бригадирҳо», танҳо чавобгӯи талаботи шаҳрвандони мо ҳастанду усули корбариро дигар кардан наметавонанд?

-Ҳа.

- Ҳангоми таҳқиқ муайян шуд, ки ҳодисаҳои Люблино бори аввал нест. Ҳодисаи назди бозори Садовод-ро ба хотир биёрем.Ҳарчанд он баробари Люблино нест, вале дар ҳудуди камтар рух дода буд. Таксистҳои тоҷик ҷамъ шуда буданд, Шумо низ дар он ҷой будед, дар хотир доред албатта?

- Ҳа.

- Он вақт низ бисёр расонаҳо аз митинги тоҷикон хабар дода буданд. Агар хато накунам, Шумо ба Ҳукумати Москва дархост низ дода будед...

- Бале, барои иҷозату муайян намудани ҷой.

- Бубинед, ҳамин ҳолати имрӯза, ҷамъшавии бачаҳои тоҷик, эълони митинг… Вале баъди соли 2014 як чиз зоҳир гашт: соли 2015 Ҳоҷӣ Ҷаббор - ҳозира сардори тоҷикони “бозори Садовод”-ро Шумо пешбарӣ намуда, ба ин кор мондаед?

- Бояд қайд намоям, ки пешниҳоди номзадии Ҳоҷӣ Ҷаббор аз тарафи роҳбарияти худи бозор буду мо онро дастгирӣ намудем.

- Ҳангоми таҳқиқи сомонаатон мушоҳида мешавад, ки аз соли 2015 Шумо ба муҳорибаҳои омехта шавқ пайдо кардаед?

- Бале, сабаб ин куштори зиёди муҳоҷирон аз тарафи скинхедҳо буд ва баъди равнақи ҷисмонӣ ёфтани бачаҳои тоҷик чӣ қадар ин кушторҳо кам шуданд.

- Ва яке аз чунин клубҳо - «Акбар»-ро Ҳоҷӣ Ҷаббор сарпарастӣ мекунаду Шумо дар сомонаатон дар ин бора менависед…

- Чӣ хел равнақи варзишро дастгирӣ накунем?!

- Акнун биёед хулоса барорем. Дар бозорҳо усули кор як хел, аз сардорони точик чизе вобаста нест, вале Шумо, баъди соли 2014 дигар бозорҳоро нодида мегиреду “бозори Люблино” ва сардори тоҷикони он – Ҳоҷӣ Самадро зери тозиёнаи танқид гирифтаед. Рӯирост бигӯем, таҳти фишор қарор додед. Ба фикри Шумо, агар Ҳоҷӣ Самад аз бозор барканор шавад, аҳволи муҳоҷирони тоҷик тағйир меёбад?

- Албатта. Агар аз тарафи сафорат боз пайдо нашаванду рӯи кор наоянд.

- Вале мо мантиқро гум мекунем. Гуфтем, ки дар ҳама бозорҳо шароити муҳоҷирони тоҷик якхела асту аз «бригадирҳо» вобастагие надорад...

- Дорад.

- Чӣ хел?

- Аз бозори “Садовод” ҳар нафар метавонад ба офиси Каромат Шарипов биёяду шикоят кунад, Каромат Шарипов метавонад ба бозор бемамониат дарояд...

- Танҳо…

- Ҳоҷӣ Самад дар даст сабте дорад…(ин ҷой Каромат Шарипов рӯйдодҳоеро овард, ки боиси баҳси мо гашт. Оиди ин масъала хонанда, муфассалтар ва бо осони аз сомонаи www.tajmigrant.com метвонад биёбад. Г.В.).

- Биёед дигар хел саволгузорӣ мекунем. Дар бисёр баромадҳоятон гуфтаед, ки дар бозори Люблино сохти ғуломдориву истисмори бачаҳои тоҷик вуҷуд дорад. Вале дар чанд навор бачаҳо мегӯянд, ки барои аробкаш шудан дар бозор бояд 50 ҳазор рубл пора диҳӣ

- Мо 25 ҳазор фаҳмидем.

- Нафаҳмидам, ин чӣ гуна ғуломдорӣ будааст, ки мардум пул дода ғулом мешудааст?

- Ғулом ҳар хел мешавад. Ғуломе ҳаст, ки занҷирбанд аст, ғуломе ҳаст, ки аз сухан гуфтан маҳрум аст. Ин ғуломиҳо аз ноилоҷӣ. Агар қарз карда бошад ҳам, пул дода ба кор надарояд, дар кӯча мемонад. Онҳо фикр мекунанд, ки наметавонанд сохтмончӣ, ё олим шаванд. Чаро молдавану қирғизҳо аробкашӣ намекунанд? Мо номусро гум кардаем.

- Биёед ҷамъбаст намоем. Атрофи ин қазия чӣ дар расонаҳои ватанӣ ва чӣ хориҷӣ, сару садои зиёд баланд шуд. Фикри мардуми таҳҷоӣ маро дар ҳайрат гузошт, латукуби муҳоҷири тоҷик як тараф монду ҳама дар бораи митинги тоҷикон гап заданд. Фикр дорам, ин нуфузи моро хеле поён бурд. Тааҷҷубовар он буд, мардуми таҳҷоӣ, ки  ҳатто ба сагу пишак дилсӯзанд, латукуб шудани нафареро нодида гирифта танҳо дар бораи митингу аз худ рафтани тоҷикон ҳарф мегуфтанд.

- Саг соҳиб дорад, барои ҳамин дилсӯзӣ мешавад. Миллати мо не.

- Ба фикрам маро нодуруст фаҳмидед. Далели латукуб шудани тоҷик як тараф монду ҳама аз митинг гап заданд. Ва ба фикри ман, митинг ба зътибори тоҷикон, ки дар Русия буду бош доранд, латна зад.

- Давлатро дар миллат мебинанд, давлатро дар забону фарҳанги вай мебинанд ва давлатро дар шумораи халқаш мебинанд. Баъди истиклолият, дар Русия миллати мо дар ҳолати вазнин буд ва мардуми таҳҷоӣ моро нағз намедиданд. Оқибат ҷомеаи тоҷикон пайдо шуд, бо сафорату диаспораи тоҷикон. Агар ҳамин хел рафтан гирад, ин миллат соҳиби забону фарҳанги худаш шавад, ин роҳ ба Ҳукумати Тоҷикистон маъқул наафтод. Роҳи онҳо дигар буд. Дар бисёр маъракаҳое, ки иштирок мекунам, мегӯянд, ки тоҷиконқудрати худро нишон доданд. Ин танҳо як машқ буд. Даъфаи дигар, ман мегӯям, дар он ҷой тазоҳурот кардан лозим нест, ҳазор, якуним ҳазор, ё ду ҳазор ба сафорат раведу аз сафир пурсед...

- Аз рӯи гуфтаҳои Шумо бармеояд, ки бароятон муҳим нест мардуми таҳҷоӣ дар бораи мо чӣ фикр мекунанд?

- Шумо мардуми таҳҷоии Москва гуфта, киро дар назар доред? Ман бо москвагиҳо суҳбат кардам, онҳо инро хуш пазируфтанду гуфтанд, ки шумо тоҷикон сарҷамъед.

Ҳангоми суҳбат бо Каромат Шарипов сари бисёр масъалаҳо баҳс намудем ва вақти зиёдро ун нафар ба фаъолияти Ҳоҷӣ Самад – сардори муҳоҷирони тоҷик сарф намуданд. Аз ин хотир бо ин нафар низ вохӯрда атрофи ин қазия суҳбат намудем. Ва агар оғои Шарипов аз сухан бою ҳангоми суҳбат он касрочанд маротиба сари мавзӯъ оварда бошам, Ҳоҷӣ Самад камсухану хеле ором буд. Ӯ гуфтаҳои Каромат Шариповро инкор намуда,изҳор дошт, ки аз аввали ҳодиса дар он мавзеъ буда, он шаб назди ҷамъшудагон баромада кӯшиш намудааст, ки онҳоро ором намуда, хона ба хона равон намояд. Инчунин, аз рӯи гуфтаи Ҳоҷӣ Самад шаби 20-ум дар байни ҷамъшудагон қариб, ки тоҷикони бозори Люблино набудаанд.

Атрофи масъалаҳои иқтисодӣ бошад, номбурда гуфтаҳои болоро (усули корбарӣ) тасдиқ намуда, иқрор шуд, ки танҳо раҳбарияти тоҷиконро дар бозор ба уҳда дораду салоҳияташ бисёр маҳдуд аст. Нисбати таҳти фишори Шарипов қарор гирифтанашро маънидод намуда, изҳор дошт, ки ба ин мавсуф ягон ғарази шахсӣ надорад. Аз рӯи гуфтаҳои Ҳоҷӣ Самад, бо масъалаҳои бозори Люблино бо оғои Шарипов се маротиба вохӯрда,ҳар се вохӯрӣ бе натиҷа анҷомидааст.  Каромат Шарипов дар ҳар се вохӯриаш як пешниҳод доштаст: бояд ҳамаи тоҷикони бозор (анқариб 5000 нафар) аъзои созмони Каромат Шарипов шаванду ҳармоҳа 500 рублӣ аъзоҳаққӣ супоранд. Ҳоҷӣ Самад гуфтааст, ки ин қобили қабул несту ягон нафарро ташвиқот намекунад, зеро аъзои ягон созмон шудан ихтиёрист.

Камтар пештар рафта, қайд мекунем, ки ҳангоми тамоси телефонӣ Каромат Шарипов шарти аъзоҳаққии ҳармоҳаи 500 рублиро инкор намуда гуфт:

- Ман танҳо пешниҳод намудам, ки 500 рублӣ барои равон намудани фавтидагони мо ҷамъ кунанд. То кай мо барои ҷасадравонкунӣ дар масҷидҳо маблағҷамъ мекунем?

Давом дорад.

Ғуфрон Ваҳобов.

Подписаться на этот канал RSS