20 Апреля 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Сарқонун дастоварди таърихӣ аст Избранное

Сарқонун дастоварди таърихӣ аст

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба пешвози 20 солагии рӯзи қабули Сарқонуни Тоҷикистон маҳфили идона ороста шуд. Мухбирамон дар ҳайати меҳмонони ин маҳфил буд ва тавонист новобаста аз сертараддудии Сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов бо пайдо гардидани пайти муносиб назари сафирро дар бораи муҳимияти қабули Қонуни асосӣ ба ин шакл ва мазмун бипурсад.
- Ҷаноби сафир аввалан ин санаи воқеан ҳам тақдирсоз ба Шумо муборак бошад! Вақтатонро зиёд намегирам, аммо бигӯед, ба назари Шумо ҳамчун як дипломат, ба ин шаклу мазмун қабул шудани Сарқонун чӣ дастовард аст, агар он дар воқеъ дастовард аст?
- Ташаккур, аввалан тамоми тоҷику тоҷикистониро бо ин сана муборакбоду таҳният мегӯям, барояшон саломативу сарбаландӣ, шодкомиву фараҳмандӣ ва дастовардҳои беназирро баҳри пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно менамоям. Сониян, вақтам беҳад танг аст, чун меҳмононро интизор дорам, агар рафтаву ба ягон паҳлӯи саволатон бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир шуд, қаблан узр.
Қабули Қонуни Асосӣ маҳз ба ҳамин шаклу мазмун бемуболиға дастовард аст ва дар ин шубҳае нест ва набояд бошад. Бубинед, вақте гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии лоиҳаи Конуститутсия Сарқонун бо сарварии раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба кор шурӯъ кард, тамоми паҳлӯҳои таърихи давлатдории тоҷикон, анъанаву махсусиятҳои миллии моро вобаста ба талаботи замони муосир, равандҳои нави ҷомеа ва тартиботи нави давлатдориву сиёсатронӣ ба назар гирифтанд.
Маҳз ҳамин Конститутсия ҳамчун санади муҳими сиёсӣ дар ҳаёти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон нақши муҳим дорад ва ҳамчунин амалӣ сохтани марому мақсадҳои дар он гузошта, ки аз таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёдамон маншаъ мегиранд, барои бунёди давлати муосире, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташкил дода, дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузоштааст.
Набояд фаромӯш кард, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар вазъияти душвори сиёсии солҳои навадуми қарни сипаришуда, қабул гардид, ва бо ин вуҷуд ҳам тавонист барои эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд, ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ва мустаҳкам намудани пойдевори андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо бозад.
-Бубахшед, гуфтед, ки ин Сарқонун махсусияти худро дорад ва бигӯед аз Конститутсияҳои, бигирем, давлатҳои ҳамсоя чӣ тафовут дорад?
- Ман муболиға накардаам. Бо Қабули ин Сарқонун Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро огоҳ кард, ки кадом тартибу сохтори давлатдориро пеш мегирад. Ҳарчанд таърихи тоҷикон аз сохтори монархии давлатдорӣ дарак медиҳад, ва аммо дар он ҳам инсон ва ҳуқуқу манфиатҳои он дар мадди аввал меистоданд. “Анаъанаву омилҳои таърихиву фарҳангиро дар таҳия ин қонун ба назар гирифтанд” гуфтани мо, маҳз дар мадди аввал гузоштани инсон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои он буд, ки шоҳони Сомониву дигар давлатдорони қадими тоҷик унсури аслии давлатдориашон медонистанд.
Имрӯз ҷомеа дигар аст ва мо эълон доштем, ки роҳи демократии эъмори давлат ва сохтори дунявиро мепазирем. Яъне, ин ҷо эҳтиром гузоштан ба инсон, новобаста ба эътиқоди сиёсӣ, динӣ ва дигар тартиби зисту рушди ӯ мебошад.
Аз сӯи дигар, тафовути дигари Конститутсия Тоҷикистон аз кишварҳои дигари пасошуравӣ дар он аст, ки он барои фаъолияти аҳзоби характери динидошта иҷозаи фаъолиятро додааст. Яъне, ин ҷо низ фароҳам кардани тартиби таъмини ҳуқуқи инсонҳо дар ташкили иттиҳодияву ҷамъиятҳо вобаста ба эътиқодашон мебошад.
- Дастоварди 20 соли Истиқлолият аз назари як дипломат кадом аст.
-Ин ҷо наметавон аз як дастоварди конкретӣ сӯҳбат кард. Дастоварди аслии мо ин расидан ба сулҳ ва посдории он, ва дар заминаи сулҳ расидан ба ҳадафҳои иқтисодиву иҷтимоиямон аст. Баъдан, эътирофи Тоҷикистон ба ҳайси як узви комили ҷомеаи ҷаҳонӣ, бозшавии корпусҳои дипломатии кишвари мо дар кишварҳои дигар ва созмонҳои байналхалқӣ дастоварди ин 20 сол аст. Пеши таърих 20 сол хеле кам аст, алалхусус агар мо рушди осоиштаи кишварро сар аз соли 1997 арзёбӣ кунем, чун созишномаи умумии сулҳ дар ҳамин сол имзо шуд ва мардум ба зиндагии орому осоишта тадриҷан баргаштанд ва ба иҷрои принтсипҳо ё аркони ин Сарқонун сар карданд. Ва аммо ин 20 сол 20 соли эҳёи давлатдории миллӣ, 20 соли пойдорӣ ва ташаккули арзишҳо ва ғояҳои миллӣ, 20 соли устувор гардидани сохтори демократии ҷомеа, 20 соли эҳтиром ва эътирофи мақому нуфуз ва дигар арзишҳои волои умумипазируфташудаи инсонӣ мебошад.
- Агар ба ҳамон солҳои таҳияи Сарқонун баргардем, ба андешаи Шумо, пеши онҳое, ки барои таҳияи Сарқонун муваззаф гардида буданд, кадом унсур асосӣ маҳсуб мешуд?
- Фикр мекунам, аз ҳама муҳим ин муайн намудани шакли идораи давлат буд, яъне зарур буд, ки шакли идораи президентӣ ё парлумонӣ интихоб карда шавад. Бо назардошти талаботи ҷомеа ва вазъи мавҷуда дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли нави давлатдории Тоҷикистон – ҷумҳурии президентӣ инттихоб гашта, бо дарназардошти мақоми баланди мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия Президентро ба ҳайси ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмиллалии Тоҷикистон эълон намуд. Тибқи талаботи Конститутсия интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ пешбинӣ гардид, ки роҳи демократии интихоби мақоми волои давлатӣ маҳсуб мешавад.
Фаромӯш набояд кард, ки дар Конститутсия бо дарназардошти талаботи ҷомеа ва бо мақсади таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ меъёрҳое пешбинӣ шудаанд, ки ҷалби ҳамаи табақаҳои аҳолиро ба идоракунии сиёсӣ, озодии эътиқоди динӣ, баробарҳукуқии ҳамаи миллатҳо, як зумра озодиҳои сиёсии шаҳрвандонамонро эълон мекунад ва кафолат медиҳад.
Фақат кафолати фаъолияти баробари аҳзоби сиёсӣ ва ВАО - и озодро аз сӯи Сарқонун дастоварди чашмгирӣ он номем, фикр мекунам кифоя аст.
Бояд қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти на танҳо ҳуқуқӣ, балки иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро низ доро мебошад. Дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ислоҳоти васеи ҳуқуқӣ, инчунин ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоии ҷомеа давра ба давра ва бо дарназардошти талаботи нави замон гузаронида шуд ва ин имкон дод, ки вазъи иқтисодии кишвар баланд бардошта шуда, сатҳу сифати зиндагонии сокинони кишвар ба маротиб боло гардад.
- Сарқонуни мо 2 маротиб ба худ тағйироту иловаҳоро пазируфт. Зарурияти ворид кардани чунин тағйиротро баъзе ашхос зери суол мебаранд...
- Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон пешрафи ҳаёти ҷомеа талаботи нав ба навро пеш мегузорад, ки ҳалли худро талаб мекунанд. Илова бар ин, равандҳои нави инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус ҷаҳонишавӣ зарурати мутобиқ намудани ислоҳоти ҷомеаи моро ба талаботи нави ҷаҳонӣ тақозо менамояд. Ҳар касе чунин ақида пеш мегузорад, ки зарурати ворид кардани тағйирот ба Сарқонун набуд, аз ҷомеа қафо мондааст ва ё раванди рушди ҷомеаро зери суол қарор додааст. Бубинед, ки дар 10 соли охир чӣ қадар ҷаҳон, бахусус ҷаҳони иттилоот, рушд карда, бо сураъати кайҳонӣ пеш меравад. Пас, чаро мо зарурат ё талаботи мутобиқ шудан ба ин равандҳоро инкор ё сарфи назар кунем?!
Аз ин рӯ, бо тақозои замону рушди ҷомеа ба Конститутсия ду маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки бе ягон шаку шубҳа ин тағйирот барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам оварданд. Ба андешаи ман, ин натанҳо, ҳамту, тағйирот ба Сарқонун буд, балки ин такмили Конститутсия буда, бо дарназардошти талаботи нави ҷомеа сурат гирифта, барои пешрафти минбаъдаи ҷомеа, такмили идораи давлатӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини соҳибистиқлолии давлат мусоидат намуд. Мо ба ин восита ҳамчунин маҳорату заковати қонунофарии худро такмил додем ва ба ҷаҳониён бори дигар муаррифӣ сохтем, ки аз равандҳои ҷомеа огоҳем ва ҳамқадам бо ҳаёт ҳастем.
- Дигар вақтатонро намегиам, барои сӯҳбат ташаккур.
- Шумо хабарнигорон 2 дақиқа мегӯеду, қариб 20 дақиқа вақти маро гирифтед. Феълан, чунин рафторро агар ҳама медоштанду дар иҷрои вазифаҳояшон пофишорӣ мекарданд, ҷомеаи мо аз ин дида бештару зудтар тараққӣ мекард, офаринатон!

Последнее изменениеЧетверг, 15 Январь 2015 07:53
Наверх